МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МО ҶАВОНОН ҚАЛБИ БЕДОРИ ВАТАН”!

Аз санаи 16 то 19 феврали соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ҳомии Ватан” аз рӯи намудҳои футболи хурд, волейбол, бандкашӣ, сангбардорӣ ва дастхобонӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни ҷавонону варзишгарон, вусъат бахшидани ҳисси ватанпарастию хештаншиносии ҷавонон, тарғиби зарурати хизмати ҳарбӣ, ойини ватандорӣ ва заминагузорӣ ба ҳусни таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин рисолати шаҳрвандӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари наврасон ва ҷавонон ба варзиш, муайян намудани дастаҳои мунтахаби ҲХДТ дар вилоят мебошад.
Лозим ба қайд, аст, ки дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ҳомии Ватан” дастаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, МТҒ “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ”, МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров”, МДТ “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони донишкада бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар мусобиқаи мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
1. Сазовори ҷойи дуюм аз рӯи намуди футболи хурд;
2. Сазовори ҷойи дуюм аз рӯи намуди волейбол;
3. Сазовори ҷойи сеюм аз рӯи намуди бандкашӣ.