Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне дар мулоқот бо аҳли зиё қайд намуда буданд, ки “Зиёиён қувваи тавоно ва пешбарандаи ҷомеа буда, нақши онҳо дар тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад…” Дар ҳақиқат роҳкор ва ё худ роҳнишондоди аҳли зиё, олимону пажӯҳишгарон бояд бар насли нав мусоидат намояд ва ба ҳамин усули тарбия ва сабақомӯзӣ, ҷамъияти солим рушд меёбад. Насли ҷавон тарбият мегирад, ҷаҳонбинияш ташаккул меёбад. Бидуни фаъолияти пурсамари аҳли зиё рушди ҷомеаи солимро тасаввур кардан имкон надорад. Ҷамъият бо ҳар усуле метавонад бошад, аммо дар шаклҳои намунавӣ, бехатар, саодатманду солим буданаш аз фаъолияти аҳли зиё, шахсиятҳо, олимону чеҳраҳои саршиносу ҳуввиятсоз вобаста мебошад. Ҷумҳурии ҷавони мо низ дар шароити феълӣ ба андешаву кори олимон, зиёиҳои эҷодкор, чеҳраҳои сарсупурдаи дастгири халқу миллат ниёз дорад. Чеҳраҳои ватандӯсту мафкурасоз, сарсупурдаву фидоӣ метавонанд барои ҷамъият, давлату миллат хидмати бузургеро анҷом бидиҳанд. Ҳадди фаҳмиши ҷамъият, ҷаҳонбинии насли ҷавон, ташаккули мафкураи онон бар вазни илмии олимону пажӯҳишгарон ва аҳли зиё, шахсиятҳо арзёбӣ мегардад. Хирадмандони ҷонфидо ва олимони сарсупурда метавонанд барои рушди зеҳнии ҷамъият, ташаккули тафаккури миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлати миллӣ ва бедориву хештаншиносии ҷавонон саҳми арзишманде гузошта бошанд. Ҳамин аст, ки ҳам насли ҷавон ва ҳам насли миёнсолу калонсон ба зиёиён, олимону аҳли адабу хирад умед мебанданд. Дар бисёр ҳолат, ҳалли мушкилоти ҷомеа, махсусан дар шинохти арзишҳо, дарки ҳақиқат ва воқеияти ҳаводис бештар такя бар олимону хирадмандон ва аҳли зиё карда мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, навиштаву гуфтаҳои аҳли зиё, хирадмандону олимон, сиёсатмадорону фаъолони сарсупурда миёни ҷомеа ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда мешавад ва фақат он ҳарфи сара ва ҳақ дар дили халқ ҷойгоҳ пайдо хоҳад кард. Ба ҳамин сурат ҷомеаи мо думболи ҳарфи ҳақ, роҳҳали беҳтарин ва навиштаву офаридаи беҳтарин мегардад. Вазифаи адибу адабиёт инсонсозист, яъне адабиёт мафкура месозад, ҷамъиятро роҳнамоӣ мекунад, масирсозӣ мекунад, инсонро бо ахлоқ ва адаб мусаллаҳ сохта, тарбият мекунаду ҳамчун маҳсули олии ҷамъият муаррифӣ намуд. Адабиёт инсон месозад, баду некро бар ҷамъият мефаҳмонад ва мисол аз ҳаёт мегирад, то ойина барин фаҳмо гардад. Вақте дар бораи адиб ва нақши адабиёт сухан меравад, пеш аз ҳама ба ҷамъият, рафтору гуфтор таваҷҷуҳ карда мешавад ва сипас ҳоли аҳлу адаб баҳогузорӣ мегардад. Ҳар як офаридаи адабӣ як падидаи нав ва як сафҳаи нави зиндагист. Яъне, офаридаи сатҳи воло, тарбиятгару андешасоз, асари беҳтарин ва маҳбуб дониста мешавад. Яке аз чунин ҳарфи воло, навиштаи бисёр маҳбуб, офаридаи адабии нодир дар замони истиқлол “Ёддоштҳо”-и Саймумин Ятимов як тан аз фидоиёни роҳи меҳансозӣ, як тан аз сарсупурдагони давлати миллӣ, як тан аз олимони сермаҳсул ва мафкурасоз, як тан аз орифони миллиандеш ва ҷаҳонфаҳм меравад, ки ҳоло ба дасти хонанда расидааст. Ин асари бисёр ҳам баланди адабӣ, ки миёни аҳли илму адаб ва аҳли зиё зиёд баррасӣ шуд ва хуш истиқбол гардид, аз чанд ҷиҳат барои банда низ хуш омад. Зарур мешуморам, ки ҳамчун хонанда ва дӯстдори адабиёт чанд ҷумла дар бораи ин асари нодиру таърихӣ, адабиву омӯзишӣ ба таври кӯтоҳ гуфта гузарам.
Дар адабиёти муосири мо “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айни бисёр маъруфият дошт ва дар макотиби миёна ҳар як омӯзгори забон ва адабиёт мутолиаи ин асари устод Айниро тавсия медод. Банда ҳам хеле барвақт ин асари устодро мутолиа намуда будам ва як навъ хулосаи дар бораи он замон бароварда будам ва ҳамзамон талошҳои Айнӣ ва волидайнаш барои омӯзиши илмро хеле хуб дар хотир гирифтам…
Мутолиаи “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов низ бароям хеле ҷолиб буд. Воқеан ҳам муаллиф талош намудааст, то ҳолатро ба он гунае, ки дар ёдаш мондаасту сабақомӯз аст, рӯйи сафҳа овардааст. Агар таваҷҷуҳ фармоед дар асари мазкур бар масъалаи илму дониш, меҳнат, заҳмати софдилона, кӯшишу ғайрат, иттиҳод, ивазшавии ҳолату замон, шаклгирии ҷаҳонбинӣ, муносибати одамон, фарҳангсозӣ, меҳандориву номусдорӣ, ахлоқ, тарбият, мубориза барои ҳаёт, ватандӯстиву муҳаббат дар сарзамини пок, сулҳу дӯстӣ, арҷгузорӣ аз шахсиятҳои бузург, ҷонфидоиҳо, анъанаҳои мардумии манотиқи кишвар, дастархонороӣ, меҳмоннавозӣ, ҳунар ва касбият бисёр ҳам зиёд таваҷҷуҳ гардидааст. Ва муаллифи арҷманд ва гиромӣ барои омӯзиши илму дониш, соҳибҳунар гардиданро аз ҳар ҷиҳат ба таври ҷиддӣ баррасӣ намудааст. Дониш омӯхтан, илм омӯхтан ва талошу кӯшишро муаллиф дар меҳвар қарор додааст, ки бар ҳамон ҷавҳари устуворияти давлат ва ҷомеа-инсон ишора менамояд. Чӣ тавре, ҳини мутолиа маълум мегардад, муаллифи муҳтарам С. Ятимов дар офаридаҳои хеш аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, абёти бузургон истифода намудааст, ки ҳадаф ҳам ба умқи масъала ворид гардидани хонанда мебошад.
Як масъала бисёр ҳам возеҳу равшан исбот гардидааст, ки нақши зани босавод ва донишманд мебошад. Муаллиф дар асари мазкур аз нақши падару модар ёдовар шуда, аз модарашон ҳамчун зани бофаҳму босавод ва зиндагисозу бонуи фаъол ёдрас шудаанд, ки ин қисмати ёддошт бори дигар аз нақшу таъсири зани босаводу донишманд дар тарбияи фарзанд гувоҳӣ медиҳад ва дар ҳақиқат дар зиндагӣ низ нақши модар дар ташаккулёбии мафкураи фарзанд бисёр бузург мебошад. Офарандаи “Ёддоштҳо” аз талошҳои модар ва аз кӯшишҳои як зани деҳот барои муваффақ гардидани фарзандаш, бохату савод гардидани азизаш ёдрас мешавад, ки ин муҳаббати модарро нишон дода, аз ҷониби дигар бетараф набудани модарро нисбати тақдири ояндаи фарзанд ифода месозад. Мебинем, ки модар барои амалӣ гардидани орзуи фарзандаш чӣ қадар кӯшиш мекунад ва охир худ даст ба тарбият мегузараду тифлашро таълим медиҳад. Аз як ҷониб агар ин ҳолат муҳаббату ғамхории модар бар фарзандро ифода созад, аз ҷониби номуси зани тоҷик, модари тоҷикро ифода менамояд, ки барои амалӣ намудани орзуи фарзандаш-хату савод омӯхтани фарзандаш бар замми тамоми кори хонавода, масъулияти омӯзгориро бар дӯш мегирад. Яъне, нақши зан-модар дар рушди тифл бениҳоят баланд мебошад ва зани донишманду огоҳ ҳамеша фарзанди солеҳ, донишманду боахлоқ ва дорои тарбияи волои инсонӣ тарбия мекунад. Дар асари мазкур мақому манзалати модар-волотарин фаришати рӯи замин бисёр олӣ инъикос ёфтааст ва муаллиф талош варзидааст, ки нақши модарро бо ҳама ҳастияш нишон бидиҳад, ки бисёр ҳам олӣ омадааст…
Аз ҷониби дигар хотираҳои муаллиф дар кишварҳои хориҷӣ як бахши дигари асарро фаро гирифтаанд, ки барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонанда, талошҳои як тоҷик, муносибат бо ҳамватанон, ҳифзи мақому манзалати давлату миллат бисёр олӣ тасвир ёфтааст. Дар асар муносибати муаллиф дар ду замон инъикос меёбад ва дар ҳар ду замон ҳам, муаллифи гиромӣ талош намудаанд, то муҳаббат ба илму дониш, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, инсониятро дар мадди аввал қарор бидиҳанд. Яъне, ҷанбаҳои омӯзишии асар хеле зиёд буда, муаллифи “Ёддоштҳо” бисёр ҳам талош намудааст, то инсон барои мусаллаҳ сохтани хеш бо илму дониш, фаро гирифтан ба маърифат талош намояд ва бо ҳамин роҳ дар ҷамъият ҳамчун инсони комил мақом пайдо намояд. Маълум аст, ки муаллифи хушбаён бисёр ҳам талош намудааст, то роҳкорҳоеро барои аз худ намудани илму дониш ироа созад ва бо мисолҳо ин корро ба таври олӣ анҷом додааст. Адиб аз нуктаи кучактарин оғоз намуда, то расидан ба ҳадди муваффақият талош варзидааст, то мухотабро роҳнамоӣ созад, ки ин як навъ ғамхорӣ ва роҳнишондод барои омӯхтани илму дониш мебошад.
Воқеан ҳам агар инсон бо илму дониш мусаллаҳ гардад, беҳтарину муваффақтарин шаҳрванд хоҳад буд, вале агар аз илму дониш бебаҳра монад, як доғи барои ҷомеа хоҳад гардид. Офарандаи асар муҳтарам С. Ятимов дар бисёр ҳолат кӯшиш намудааст, ки бар ҷомеа, насли ҷавон бифаҳмонад, ки дар ҷомеа нақши илму дониш, самимияту садоқат, ҷасорат, зиракии сиёсӣ чӣ қадар муҳим аст ва бояд рӯ ба илму дониш овард. Ҷараёни тарбияи меҳнатдӯстиро муаллиф бисёр зебо қайд намудаанд ва аз мисолҳои оварда чунин бармеояд, ки тарбияи меҳнатдӯстӣ як рукни аслии тарбия маҳсуб меёбад ва барои ҳар як нафар зарур аст.
Дар асар аз омилҳои хурофотпарастӣ ва муборизаи шаҳрвандон низ бар ин ҷараёни зараровар нишон дода шудааст, ки ин масъала дар шароити имрӯз низ хеле муҳим мебошад. Мисолҳои овардашуда аз ҳаёти муаллим ва рӯҳонии деҳ хеле ҷолиб масъаларо равшан месозад…
Ба бахти бузурги хонанда муаллифи “Ёддоштҳо” муҳтарам Саймумин Ятимов ҳам аз илмҳои фалсафаву сиёсатшиносӣ ва ҳам иҷтимоиёт, забону адабиёт огоҳии комил доранду мутахассиси варзидаи ин соҳа мебошанд, ки барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонанда ва дарки ҳолат хеле мусоидат менамояд. Дар чунин ҳадди баланд қарор доштани муаллиф барои хонанда бисёр ҳам муфид буда, барояш ҷаҳони наверо боз месозад. Ҳамон гуна, ки медонем адиб ва зиёии асил, шахсияти комили миллӣ С. Ятимов аз вазъи дирӯзу имрӯзи ҷаҳон огоҳ аст ва тамоми нуктаву минтақаи кишварро хуб медонанд ва дар чунин ҳад офаридани асари бадеӣ барои хонанда хеле хидмати бузург мебошад. Зеро муаллифи бад ин ҳад ҳамаддон ва шахсияти ватандӯст аз бисёр ҳолат талош варзидааст, то бар мо насли ҷавон, ҳамватнонаш бо овардани мисолҳо аз ҳаёти худ роҳнамоӣ бифармояд, тарзи дуруст зиндагӣ кардан ва ба саодати ҳаёт даст ёфтанро аз роҳи илму дониш нишон додаанд, ки ин асарро мондагор ва аз ҷониби дигар маҳбуби дилҳо мегардонад. Муаллифи арҷманд мардонавор барои мусоидат кардан бар ҳамватанонаш талош меварзад, кӯшишҳо бар харҷ медиҳад, то бо омӯзиши илму дониш, фароҳам гардидан бо илмҳои замони худ инсон метавонад, муваффақ гардад ва бар саодат расад.
Барои банда мутолиаи “Ёддоштҳо”- и С. Ятимов як ҷаҳони наверо боз намуд, ки фикр мекунам, ҳар як ҳамватани мо агар ин асари мондагон ва беназирро бихонад, барояш хеле муфид хоҳад буд. Зеро, дар он талош шудааст, то ҳолати замон, ивазшавии даврон, муносибати баду нек, ахлоқ ва илму дониш, роҳҳои омӯзиш, фарогирӣ бар дониш, расидан ба роҳи мақсуд, эҳтироми арзишҳо ба таври хеле фаҳмо ва бадеӣ ташреҳ дода шудааст, ки аз маърифати баланди муаллиф ва дилсӯзияш бар насли ҷавон гувоҳӣ медиҳад. Мо, мушоҳида менамоем, ки муаллиф новобаста аз мушкилот кӯшиш мекунад, талош меварзад, то дар зиндагӣ муваффақ гардад ва ҳамин ноумед нагардидан, дилшикаста нашуданро ба хонанда меомӯзонад, ки инсон бояд ҷаҳд кунад, талош варзад, то ҳиссаи инсонии хешро дар ҷамъият бигузорад.
Агар ба таври ошкор бигӯем, асари мазкур ба ҷуз аз падидаи бузурги адабӣ буданаш, барои мо як роҳнамои мукаммал ва як роҳнишондоди фаровон аз мисолҳо дар роҳи расидан бар ҳаёти босаодат мебошад, ва агар ба ҳар як хонанда, шаҳрванди кишвар мутолиаи он даст бидиҳад, беҳтарин амал хоҳад буд. Асари мазкур аз дигар асарҳои адабӣ фарқ дошат, мутолиаи он услуби нав мехоҳад ва сабабаш ҳам дар роҳи омӯзиш аст. Яъне, миссияи инсонсозии адабиёт дар ҳамин асар хеле ошкоро дида мешавад ва муаллифи муҳтарам низ бо рӯи сафҳа овардани ёддоштҳои хеш, мехоҳад насли ҷавон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, илмдӯстиву меҳнатдӯстӣ, зираку поквиҷдон тарбия ёбад ва барои ҷамъият намунаи ибрат гардад. Ҳамчун, хонандаи оддӣ бар муаллиф барои чунин заҳмат ва талош изҳори миннатдорӣ баён менамоям ва бар насли ҷавон мутолиаи ин асари беназирро тавсия медиҳам. Арзиши адабии “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов хеле воло мебошад ва ҳар касе мутолиа мефармояд, он вақт лаззати бузурги адабӣ хоҳад бардошт.
М. Саидов
сардори шуъбаи иттилооти ДКМТ
