БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАЁСАТ ДАР ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ

Имрӯз дар кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургия ҷаласаи назоратии Раёсати Донишкада зери сарварии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова  Шаҳноза, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  Мирзозода Воҳид, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, навиштани рисолаҳои илмӣ, баргузории пажӯҳишҳои илмӣ , нашри адабиёти таълимӣ,  таҷдиду азнавсозии марказҳои касбомӯзӣ, густариши ҳамкориҳо бо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷоннок намудани кори филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ, ҷоннок намудани корҳои ободкориву созандагӣ дар Донишкада, амалӣ намудани бандҳои нақша-чорабиниҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани Ваҳдати миллӣ, ҷамъбасти рисолаҳои тарбиявӣ, нашри солномаи Донишкада сухан ронда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, иҷрои стратегияҳои давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки мо бояд барои тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа масъулият ҳис намоем ва ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро дар рӯҳияи масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ, меҳандӯстиву садоқатмандӣ тарбия намоем, то онон барои рушди Ватани азизамон саҳми арзишманд гузоранд. Ҷавононро бояд тарбия кард ва дар роҳи дуруст ҳидоят намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз нақши ҷавон ёдрас шуда, ба ҷавонони фаъоли ДКМТ изҳори сипос гуфта, зикр намуданд, ки яке аз чунин ҷавонони фаъол Раҳимзода Ҳаёт мебошад, ки ҳамчун мудири ҷавон барои дастгириҳои насли ҷавон, пешрафти илм ва татбиқи илм дар истеҳсолот талош меварзад. Ректори Донишкада ба мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургия Раҳимзода Ҳаёт ҷиҳати дар стаҳи баланд анҷом додани корҳои созандагиву азнавсозӣ, аз таъмири кулли баровардани синфхонаҳои кафедра изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи назоратӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҷӯразода Шуҳрат дипломи  Академияи муҳандисии байналмилалиро тақдим намуда, мавсуфро бинобар аъзои вобастаи Академияи байналмилалии муҳандисӣ гардиданаш табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки ҷавонон бояд ҳамин хел фаъол ва барои рушди илм ва пешрафти соҳа талош варзанд.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла  кишвари Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин барои тақвияти ҳамкорӣ супориш дода шуд.
Шуъбаи иттилоот