Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар маъракаи гулшинонӣ ва ободкориҳо ширкат варзида, ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ба тарзи нав анҷом додани маъракаи гулшинонӣ машваратҳо дод. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои тозаву покиза ва сабзу зебо гардидани боғоти шафати Донишкада талош варзида, маъракаи гулшинониро аз сар гирифт.
Мавсуф аз роҳбарони ободкору созанда ва зебоипарвар буда, барои самаранок истифода бурдан аз як қитъа замин кӯшиш ба харҷ медиҳад ва дар ин самт доимо дар роҳи созандагиву ободкорӣ ва таъсиси майдонҳои нави сабзкориву гулпарварист.
Бахтиёр Маҳмадалӣ аз роҳбарони кордону меҳнатдӯст ва масъулиятшиносу тамизкор буда, дар баробари кормандону масъулони соҳа худ низ даст ба кор шуда, баҳри ободонӣ саҳми шахсии хешро мегузорад. Ҳайати профессорию омӯзгории ДКМТ бо доштани чунин роҳбари фаъол ва меҳнатдӯст ифтихор дорад!
Шуъбаи иттилоот
