ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ – ОМИЛИ РУШДИ ИЛМИ КИШВАР

Илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ илмҳое мебошанд, ки дар тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва иқтисодиёти кишвар ҷои махсусеро доранд. Бе татбиқи натиҷаҳои илмии онҳо пешрафти техникию технологиро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Бинобар, ин масъалаи дар дараҷаи зарурӣ омӯхтан ва татбиқ карда тавонистани илмҳои зикргардида, масъалаи мубрами давру замон гардидааст.

Барои ба дараҷаи зарурӣ омӯхтан ва татбиқи амалии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ санаи 26.12.2019 дар Паёмаи навбатии соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат худ як дастур ва супориш, барои масъулон ва кормандони ин соҳаҳои илм ба ҳисоб меравад. 

Ба андешаи мо, бесабаб 20-соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф пешбинӣ карда нашудааст. Барои он, ки як тифли 7-сола ҳамчун шахсият дар ҷомеа ба воя расад, бояд вай 11-сол дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, 4 -сол дар мактаби олӣ, 2-сол дар магистратура ва 3-сол ба ҷустуҷӯи қисматҳои то ба ҳол ноаёни илмҳои зикргардида машғул гардад.

Барномаи солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бояд дар партави пешниҳоди Сарвари хирадманди давлат тамоми соҳаҳои маориф ба монанди боғчаҳои бачагона, мактабҳои миёна, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, коллеҷҳо ва мактабҳои таҳсилоти олии кишварро фаро мегирад.

Барои амалӣ намудани ин барнома бояд барои илмҳои зикргардида, стандартҳои давлатии ихтисосҳо, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои корӣ вобаста ба талаботи рушди илмҳои муосир такмил дода шаванд.

Албатта, пеш аз ҳама қайд намудан лозим аст, ки омӯзгорони фанҳои зикргардида, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бояд худ донишҳои чуқур, маҳорати касбӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд, дилсӯзи фанни худ бошанд ва кӯшиш намоянд, ки шогирдонашон сеҳру навгониҳои фанро дуруст дарк намоянд ва шогирдон бояд донанд, ки мавзӯъҳои омӯхташаванда, фанҳои таълимии ин соҳаҳо дар оянда барои пешбурди зиндагии онҳо чӣ манфиати калоне меоварад. Ин аз маҳорат, дониши чуқур ва малакаи баланди омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот вобастагии калон дорад. Дар ҳолати дарки шогирдон ба қайдҳои болоӣ, завқи онҳо бедор мегардад ва бештар аз пештар ба омӯзиш машғул мегарданд ва малакаву маҳорати илмомӯзӣ пайдо мегардад.

Дигар масъалаи муҳим ин робитаи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд падару модарон ба тақдири фарзандонашон бетарафӣ накарда, мунтазам аз одоб, дараҷаи таҳсили онҳо дар муссисаҳои таълимӣ (то мактабӣ, мактаби миёна, коллеҷ ва мактаби олӣ) ва иштироки онҳо ба дарсҳоро назорат намуда, дар ин самт таҷриба ҳосил намуда бошанд.

Илми математика дар илмҳои иқтисодӣ, тиб, механика, техникӣ татбиқи худро дорад.

Хулоса, барои дар амал ҷорӣ намудани ин барнома зарур мешуморем, ки:

1) дар шогирдон тарбия намудани одоби ҳамида;

2) бо мисолҳои мушаххас ва дар зиндагӣ зарур будани дониши илмҳои зикргардида, шогирдонро ошно намудан;

3) дар заминаи ин мисолҳои мушаххас дар шогирдон ҳосил намудани хоҳиш ва завқи баланди илмомӯзӣ, дӯст доштани китобхониву илмҳои дақиқ;

4) тарбияи омӯзгорони маҳорат, дониши чуқур ва малакаи баланди касбӣ ва дӯстдору дилсӯзи ихтисоси худ дар ҳама зинаҳои таҳсилот;

5) коркарди нави стандартҳои давлатии ихтисосҳо, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои корӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот;

6) кӯшиши якҷояи омӯзгорон ва волидайн дар омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ.

  Боварии комил дорем, ки ҳангоми баамалбарории андешаҳои болоӣ аз байни шогирдон ҳамчун шахсиятҳои шинохта ва олимони намоёни соҳаҳои худ тарбия меёбанд ва дар пешрафти соҳаҳои ба кишварамон зарурӣ, техникаю технология, иқтисодиёту иҷтимоиёт кӯмакрасон хоҳанд шуд.

Зиёмидинов Б.М.

номзади илмҳои физикаю математика,

дотсент, ДКМТ