Профессори Донишгоҳи Луизианаи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Меҳди Мухторӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ бо аспирантону магистрантони Донишкада роҷеъ ба масъалаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, таҳқиқоти замони муосир, навъи сангҳо, захираҳои ҷаҳонӣ муколамаи илмӣ намуданд.
Донишомӯзон бо профессори амрикоӣ Меҳди Мухторӣ муколамаи судманд анҷом дода, барояш барои иттилои арзишманд ва ҳамзамон баҳсҳои муосири пажӯҳишӣ изҳори сипос баён намуданд.
Таъкид карда шуд, ки чунин муколамаҳо барои рушди пажӯҳишҳои илмӣ мусоидат намуда, дар афзун гардидани мактабҳои илмӣ саҳм мегузорад.
Ёдрас мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон айни замон 6 мактаби илмӣ фаъолият дорад.
Шуъбаи иттилоот

