ШУҶОАТИ ТОҶИК ҲАФТ БУРҶИ ОСМОН БИШКАНАД!

Ҷабҳае, ки дар ин шабу рӯз домони муҳаббат ба пул бастаанду зархарид шудаанд ва дар маросими андӯҳи миллат ҳам имрӯз табли шодӣ мезананд ва пайдо шудани коронавирусро дар кишвар мояи хушбахтии хеш қарор додаанд ва ҳоло берун аз кишвар дар домони Аврупо камин гирифтаанду аз ҳоли бади миллат мерақсанд, ин наҳзатиёни палид мебошанд, ки саркардагонашон ин шаш (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) хоин ва террорист мебошад. Онон албатта, наҳзатиёни бадкеш ва авбошони ҳиллагару маккор ҳастанд. Ҳамон наҳзатиёне, ки дар рӯ ниқоб кашида, худро ғамхори миллат меҳисобанду аз ин ҳисоб миллатро ба гумроҳӣ бурду ба манфиати хоҷагони хориҷияшон амал намуд.

Ҳоло марҳилае ҳаст, ки миллат дар мубориза бо коронавирус қарор дораду дар ҳолати нигаронӣ, аммо душманон аз ин фурсат истифода мекунанд. Дар ин бора муаллифон аз Институти Осиё ва Аврупо дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС”  хеле кушоду равшан аз марҳилаи душманони наҳзатӣ ва чанд тан аз наҳзатпарварон ишора намудаанд.

Муаллифон мегӯянд: “Ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеа ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш ҷон меканад. Барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарад.”

Воқеан ҳам вазъ мураккаб аст ва он гуна мураккаб аст, ки тавони пешгӯйӣ ва пешбинӣ мушкил аст ва ин ҳолат дар тамоми давлатҳо ба мушоҳида мерасад. Муаллифон дар мақолаи мазкур  низ ҳолатро чунин шарҳ додаанд: “  Пизишкон, духтурони одӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ  қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст. Ин мубориза ҳамакнун маънавиёти мардуми мо − тоҷикиятро нишон медиҳад.” 

Албатта, муборизаи дастаҷамъии миллат ҳатман моро дар мубориза бо ин маризӣ пирӯз мекунад ва миллати тоҷик ҳамон нангу номус ғурури кӯҳистонияшро бори дигар дар ин масъала нишон медиҳанд.  Зеро “пизишкон, духтурони одӣ ҷон дар кафи даст бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Дар ин роҳ қурбон мешаванд. Инро барои худ  қаҳрамонӣ намешуморанд. Ҳисоб мекунанд, ки чунин муносибат барояшон як чизи одӣ аст. Нанг аст. Номус аст. Ватандорӣ аст. Қарзи инсонӣ аст. Ин мубориза ҳамакнун маънавиёти мардуми мо − тоҷикиятро нишон медиҳад.”

Ҳоло намешавад, ҳолатҳои умумиҷаҳонӣ, падидаҳои навпайдоро дар сайёра ба осонӣ арзёбӣ кард ва ба зудӣ роҳҳи ҳалро ёфт, аммо тибқи ҳарфҳои болозикр нангу номус ва шуҷоати миллати тоҷик ин вазниниро ба осонӣ паси сар хоҳад кард ва ҳатман душманон шарманда хоҳанд шуд.

Зеро душманони миллат, наҳзатиёни малъун  дастнигаранд ва ҳамчун зархариди номусбохта ҳарза мегӯянду бо фармони хоҷагони хориҷияшон амал мекунанд. Тавре, ки дар мақолаи мазкур муаллифон мегӯянд: “….ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.”  Чунки  наслҳову аслҳо ҳамчун ақлбохта ва ақлсӯхта дар хидмати хоҷагон будаанд ин наҳзатиёни малъун ва ҳоло ҳам насл ба насл ба хоинӣ мегузаронанд, то ин пешаи авлодии хешро тарк накунанд, зеро аз дуздбача дузд барояду аз ҳаромзода бадзод, гуфтаанд. Зеро ҳаргиз тоҷик чунин хислат надоштааст ва маҳз ҳамин номусу нанг ва ғурури тоҷикияш сабаб гардид, ки миллат имрӯз соҳиби давлат ва истиқлолу ваҳдат бошад. Зеро ҳамин тоҷикгунаҳои паразитбашари наҳзатӣ имрӯз худро тоҷики асл хондааст, ки воқеан ҳам мояи шармсорист.

Дар мақола дар идомаи ҳамин гуфтаҳо хеле хуб муаллифон ишора кардаанд:” Аммо чунин тоҷик будан мисли Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол, аслан набояд ҷойи тааҷҷуби зиёд ҳам бошад. Ин ҷараёни таърихӣ аст. Охир мо тоҷикон ҳазор сол давлат надоштем-ку! Дар давраи бедавлатӣ ҳар касе чизе дар  ниҳодаш буд, барои зинда мондан, ҳадди ақал рифоҳу раҳоӣ  ёфтан,   зери ҳар  ниқобе рӯйи саҳна меомад. Рӯз мегузаронд”.

Шояд муаллифон ин ҷо аз воқеият мегӯянд, аммо ҳамин мавзӯъро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки хоинӣ ва хиёнат барои насли наҳзатиён ва чанд тан аз авбошони наҳзатпарвар як нав пеша ва ё худ ҳунар гардидааст, манбаи ризқу рӯзӣ гардидааст, ки шояд тибқи гуфтаи муаллифони мақола падидаи таърихӣ бошад.

Аммо воқеият ин аст,  ки ин шашгонаи бадкеш (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) ва бегонапарасту  малъун душманони аслии ин миллат ҳастанд, ки ҳоло бо макру ҳиллаи наҳзатӣ мехоҳанд ҳамон ҳолати тарсу ваҳм ва ноумедиро дар ниҳоди мардум бедор кунанду аз ин ҳисоб ба манфиати хоҷагони хориҷияшон кор кунанд. Пас чӣ хел намешавад ин палидони террористи фирориро паразите аз дунёи куҳан ва чашми гадозода нагуфт?

Пас чӣ хел мешавад, ки ҳақиқати ин хоинони давлату миллатро нашнох, вақте ки онҳо дар  фоҷиаи миллат табли шодӣ мезананд?!

Муаллифони гиромӣ бисёр ҳам хуб ва саривақт қайд кардаанд,  ки онон (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқбол) ҳаргиз дар умеди наҷоти миллат ва саодати сокинон нестанд ва мақсадашон ҳам хиёнат ва боз ҳам хиёнат аст. Зеро тақозои пешаи хоинӣ ва зархаридӣ ин шаш махлуқро намегузорад, ки аз хиёнат даст кашанду ба зиндагии байни башарӣ, яъне инсонӣ баргарданд.\

Аммо ногуфта намонад, ки ин миллат бузургтарин афродро дорад ва нангу номус ва шуҷоаташ ҳатман миллатро пирӯз мегардонад ва дер  ё зуд мо аз ин вабо халос хоҳем шуд.  Яъне нангу номус ва шуҷоати миллат ҳафт бурҷи осомон бидарад.  

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ