Ширкати ректор ва омӯзгорони донишкада дар роҳпаймоӣ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ! – баргузории роҳпаймоии идонаи ҷавонони шаҳри Бӯстон ба ифтихори оғози моҳвораи ҷавонон

Нимаи дуюми имрӯз, 4-уми май бо ташаббуси ҷавонони шаҳри Бӯстон бахшида ба оғози моҳвораи ҷавонон ва истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии идона доир гардид.

Дар ин рӯз, 2000 ҳазор нафар ҷавонон, хизматчиёни давлатӣ, варзишгарон, донишҷӯёни Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, шуъбаи таълимии коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ фаъолона ширкат намуданд.

Ҷавонон бо шиорҳои “Пешвои мо – ифтихори мо”, “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон” бо руҳияи болида ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва илҳом аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди маркази савдои “Муҳайё” то боғи фарҳангу фароғатии шаҳр ба номи Садриддин Айнӣ роҳпаймоии идона намуданд.

Пас аз роҳпаймоӣ дар амфитеатри боғ дар барномаи рангини фарҳангӣ-фарогатии шоми ҷавонӣ ҷавонон суруру шодмонӣ намуданд.