БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ДОНИШКАДАВИИ “КАСБИ МАН-ИФТИХОРИ МАН” ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

Шоми дирӯз, дар хобгоҳи рақами яки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озмуни озмуни «Касби ман — ифтихори ман» баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз кафедраи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав иттилоъ доданд.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Шамсиддинов Шуҳрат, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Ашуров Хайриддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Донишҷуёни муқими хобгоҳ дар озмун фаъолона иштирок варзида, маҳорати касбӣ, дониш, қобилият ва истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд.
Пас аз баргузории барномаи озмун ба ғолибони ҷойҳои якуму дуюм ва сеюм аз ҷониби садорати факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Таъкид карда шуд, ки мақсади асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, эҳтиром ба касбу ҳунар, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз Ватани азиз, ҳамзамон ҷалби донишҷӯён ба омӯзиш, донишандӯзӣ ва рушди қобилияту истеъдоди онон мебошад.
Шуъбаи иттилоот