АВТОМАТИКУНОНИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ- баргузории семинари таълимӣ-методӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии Донишкада семинари таълимӣ -методӣ таҳти унвони “Автоматикунонии раванди таълим ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ” баргузор гардид.
Дар семинар сардори раёсати таълим Осими Оқил дар мавзуи “Ҷадвали дарсии худкор ва аҳамияти он дар зинаҳои таҳсилот”, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Шамсиддинов Шуҳрат дар мавзуи “Истифодаи усулҳои муосири самарабахш дар раванди таълим”, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Ашӯров Хайриддин дар мавзуи “Истифодаи имконоятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди ҳуҷҷатнигории рақамӣ” маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки автоматикунонии раванди таълим яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Он бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ раванди таълимро осон, самаранок ва босифат намуда, фаъолияти омӯзгорону донишҷӯёнро беҳтар мегардонад. Автоматикунонии раванди таълим ба баланд гардидани сифати таҳсилот ва пешрафти донишҷӯён мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни баргузории семинар баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, атрофи мавзуъ деканҳо, сардори шуъбаву раёсатҳо ва омӯзгорон андешаҳои хешро иброз доштанд.
Шуъбаи иттилоот