ТАБОДУЛИ АКАДЕМИИ ДОНИШҶӮЁН

 
Имрӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Раҳимова Шаҳноза 12 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба Донишкада баҳри табодули академӣ омада буданд, ба ҳузур пазируфта, аз шарту шароити муассиса, имкониятҳои беҳтарини таҳсил, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ҳамзамон марказҳову маҳфилҳо ба меҳмонон маълумот манзур намуд.
Тибқи шартномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табодули академии донишҷӯён ҳамасола ба роҳ монда шуда, ҳамзамон омӯзгорону кормандон низ метавонанд, бар асоси ин шартнома табодули таҷриба намоянд.
Айни замон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 69 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки ҳамасола тибқи қарордоди тарафайн табодули таҷриба, табодули академӣ, ҳамкориҳои илмӣ сурат мегирад.
Шуъбаи иттилоот