Боздиди профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз коргоҳи омӯзишӣ-истеҳсолии Парки технологӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, профессор Розиқов Зафар аз коргоҳи омӯзишӣ-истеҳсолии Парки технологӣ, ки дар факултети электромеханика қарор дорад, боздид ба амал овард. Зимни боздид, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳи мазкур, ҷалби донишӯён ба корҳои амалӣ ва ҳамчунин таъмиру таҷдид намудани таҷҳизотҳои мавҷуда ба масъулин дастур дода шуд.

Қайд карда шуд, ки коргоҳи мазкур метавонад, қадами аввали донишҷӯён ба коргоҳҳои саноатӣ мешавад ва кор бояд аз ҳамин ҷо шурӯъ шавад, то донишҷӯ тасаввуроти комил роҷеъ ба ихтисоси хешро пайдо намояд.

Шуъбаи иттилоот