Имрӯз, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи садорати факултети электромеханика дар кафедраи таъминоти барқи маҳфили навбатии «Энергетикони ҷавон» дар мавзуи «Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот роҳбари маҳфили мазкур Ҷалолзода Айёмиддин иттилоъ дод.
Дар маҳфил муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Ш.К., декани факултети электромеханика Қозизода К.С., мудири кафедраи таъминоти барқ Эшов З.С., роҳбари маҳфили илмӣ Ҷалолзода А.Ҷ. ва донишҷӯёну омӯзгорон ширкат варзиданд.
Маҳфилоро омӯзгор ва роҳбари ҳамин маҳфил Ҷалолзода А.Ҷ. ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва афзоиши талаботи ҷомеа ба неруи барқ масъалаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти хосса пайдо намудааст ва дар ин самт тақвият бахшидани донишҳои донишандӯзон мақсаднок мебошад.
Ҳамзамон, дар маҳфил декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаи байналмиллалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, мудири кафедраи таъминоти барқ Эшов Зулфон ва донишҷӯи бахши чоруми ихтисоси 430103-01тБ Бойматов Ё маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки мақсади асосии баргузории маҳфил ин баланд бардоштани маърифати илмӣ ва техникии донишҷӯён, омӯзиши масъалаҳои мубрами соҳаи энергетика, шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсол ва истифодаи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, инчунин ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ мебошад.
Дар интиҳо баҳсу баррасӣ атрофи мавзуот сурат гирифта, ҳозирин фаъолона масъалаҳоро баррасӣ намуда, андешаҳои худро иброз доштанд.
Ёдрас мешавем, ки маҳфили мазкур бо ташаббуси кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот



