Ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён дар “Рӯзи дарҳои боз”-и низомиёни Бӯстон

Дирӯз, дар як маъракаи муҳими ҷамъиятӣ, ки бо номи “Рӯзи дарҳои кушод” эълон шуда буд, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо дигар меҳмонони олиқадр дар қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳамчунин, дар ин маъракаи муҳим барои ҷавонони шаҳри Бӯстон омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ширкат намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки гузаронидани чунин маъракаҳои муҳим дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани рӯҳияи меҳандӯстии ҷавонон ва ҳамзамон ошно шудани онҳо аз наздик бо ҳаёти сарбозон ва бошандагони қисмҳои низомӣ мусоидат менамояд.

Таъкид намудан ин ҷо зарур аст, ки ҷавонписар замоне марди комил мегардад, ки агар хидмати ҳарбӣ рафта бошаду шабе Ватанро ҳифз намуда бошад ва ҳамин аст, ки мегӯянд: “Хизмати Ватан ҳам шараф аст!”

Шуъбаи иттилоот