Дарсҳои амалӣ барои иқтисодчиёни ҷавон дар корхонаҳои доимфаъол

Имрӯз, тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дарсҳои амалии донишҷӯёни бахши 3-и ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаи ҶСП “Норд Азия Металл” оғоз гардид. Тавре, ки мудири кафедра Мирзозода Воҳидҷон иттилоъ дод, филиали кафедра дар назди ин коргоҳ мавҷуд буда, имрӯз донишҷӯён аз фанни “идоракунии истеҳсолот” дарс хонданд.

Донишҷӯён ҳини сафар аз дастгоҳу имкониятҳои коргоҳи мазкур дидан намуда, сипас бо мутахассисони корхона  низ мулоқот намуданд.

Шуъбаи иттилоот