Ширкати дастаи ДКМТ дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар”

Санаи 20 феврали соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон, ҷалби бештари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”-и шаҳри Бӯстон дар толори Гимназияи рақами 1, мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” байни донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба 31 – солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз ҳисоби донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, филиали коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва шуъбаи маорифи шаҳр ширкат намуданд.

Мусобиқа аз рӯи бахшҳои гузориши дастаҳо, сафороӣ бо суруд, аз қисм ҷудо намудан ва ҷобаҷогузории силоҳи таълимӣ, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ, сангбардорӣ, турник кашӣ ва донистани рутбаҳои ҳарбӣ доир гардид.
Дар натиҷа дастаи донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, сазовори мақоми дуюм
гардида, бо Ҷом, медал ва сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.