Баргузории чорабинӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар донишкада

Санаи 21- уми феврал дар толори Шурои олимони донишкада, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи МИҲД-и вилояти Суғд чорабинӣ бахшида ба эълон гардидани Соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила Гадойбоева Г.Қ, сармутахассиси шуъбаи танзими ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд Ризозода О. мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Бӯстон Шарипова Ф, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Каримзода Ш, мутахассиси шуъбаи тарбияи донишкада Мирзозода Н. ҳамзамон устодон, мураббиён, донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур ба хотири риояи намудани Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва баланд бардоштани маърифати оиладории занону ҷавонон гузаронида шуд.