Ҳамкории Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Федератсияи Русия тақвият меёбад

ДУШАНБЕ, 05.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн роҳбарияти вилояти Суғд бо ҳайати Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки дар вилояти Суғд саноати кўҳӣ рушд ёфта, як қатор корхонаҳои азим фаъолият доранд. Бо ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат бунёди корхонаҳои нав​ идома дошта, корҳои геологиву иктишофиро мутахассисон ба анҷом мерасонанд. Барои омодасозии мутахассисон дар вилоят Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият дошта, заминаҳои моддиву техникӣ барои тарбияи кадрҳо фароҳам аст.

Ҷониби Русия зимни суҳбат тазаккур дод, ки тибқи созишномаҳои дуҷонибаи давлатӣ​ дар​ Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Федератсияи Русия 200 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил доранд ва донишгоҳ барои таҳсили ҷавонон имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз сафари меҳмонон ба Тоҷикистон тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо Донишкадаи кўҳӣ-​ металургии Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба, ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии дутарафа ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба таҳсил мебошад.

Мусоҳибон изҳори бовар карданд, ки муассисаҳои олии ду тараф дар оянда ҳамкории худро тақвият бахшида, барои омодасозии мутахассисони баландихтисос аз таҷрибаҳои якдигар истифода мебаранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

www.khovar.tj