Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ дар ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баҳри ободу тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбони атрофи донишкада ва шаҳри Бӯстон шанбегии умумидонишкадавӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии имрӯза зиёда аз 300 нафар омӯзгорон ва ҳайати донишҷӯёну кормандон ширкат варзиданд ва ба тозагиву обод кардани хиёбони шаҳр саҳми хешро гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгорон ва кормандони ДКМТ баҳри тозаву обод нигоҳ доштани шаҳри Бӯстон саҳми босазо мегузоранд ва анқариб ҳар ҳафта дар шанбегиҳо ширкат варзида, баҳри ободинии шаҳр ва хиёбону атрофи он саҳмгузорӣ мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шанбегии имрӯз муҳтарам ректори ДКМТ Фозилзода М.М низ ширкат варзиданд.