Таҷлили 10 солагии кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дар ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 10-солагии кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ таҷлил карда шуд.

Бахшида ба 10-солагии кафедра дар донишкада семинарӣ илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он устодон ва меҳмонон аз тамоми вилоят ширкат варзиданд.

Семинари илмиро нахуст муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов З.З  ифтитоҳ намуда, аз таърихи ташаккул ва нахустин мудир ва таъсисдиҳандаи ин кафедра Ҷалолов ёдоварӣ кард.

Сипас меҳмонону устодони кафедра бо маърӯзаҳои илмӣ дар чорабинии мазкур баромад намуданд.

Ёдрас мешавем, ки расо 10 сол қабл кафедраи мазкур дар ҳайати факултети геология ва корҳои кӯҳии ДКМТ ташкил карда шудааст ва то ба имрӯз садҳо мутахассисони варзидаро ба истеҳсолот фиристодааст.

Шуъбаи иттилоотӣ