Дар ДКМТ 70 –солагии профессор Юнусов М.М таҷлил карда шуд

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон санаи 11.03.2020 бахшида ба 70-солагии зодрӯз ва 48 – солагии фаъолияти илмиву истеҳсолӣ ва омӯзгории доктори илмҳои кимиё, профессор, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон  Юнусоф Музаффар Мамадҷонович конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ёдрас шудан ба маврид аст, ки дар конфронси имрӯза меҳмонони зиёде бо шумули олимон ва намояндагони Вазорату мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд.

Нахуст конфронсро ректори донишкада Фозилзода Мухтор Муродалӣ бо суханронии хеш ифтитоҳ бахшида, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва хизмати шоистаи Юнусов М.М. дар тарбияи муҳандисони баркамоли соҳа миннатдорӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар конфронси мазкур намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиева Наргис  суханронӣ намуда, соҳибҷашнро бо комгориҳо ва дастовардҳои илмӣ- истеҳсолӣ аз номи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, ифтихорномаи вазоратро ба Юнусов М.М эҳдо намуд.

Дар ин росто намояндаи МИҲД-и шаҳри Бӯстон муовини раиси шаҳр Сатторзода Хуршед низ баромад карда, аз саҳми арзандаи ӯ дар рушди саноат ёдовар шуда, туҳфаи мақомотро ба соҳибҷашн супорид.

Сипас Амдусамадов Муинҷон муовини Академияи муҳандисии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, аз фаъолияти пурсамар ва саҳми Юнусов М.М дар рушди илми тоҷик қаноатмандӣ карда, ӯро ба 70-умин солгарди умрашон табрику таҳният гуфт.

Дар интиҳо ректори донишкада дотсент Фозилзода Мухтор Муродалӣ аз номи ҳайати кормандони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон соҳибҷашро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Сипас худи соҳибҷашн Юнусов М.М суханронӣ намуда, аз роҳбарияти донишкада барои ташкили чунин чорабинии пуршукӯҳ ва тантанавӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Меҳвар Абдусаломов