Ширкати омӯзгорону кормандон дар шанбегии умумӣ дар донишкада ва шарҳи Бӯстон

Имрӯз, омӯзгорону кормандони донишкада дар шанбегии умумӣ ширкат намуданд. Қисми аз омӯзгорону кормандон атрофи бинои донишкадаро тоза намуданд ва ҷойҳои харобгардидаро таъмир намуданд, қисми дигари омӯзгорон бошанд дар ҳудуди атрофи шаҳр шанбегӣ намуда, атрофи шаҳрро аз партову норуфтаҳо тоза намуданд. Аз назди донишкада то назди Фурудгоҳи шаҳр омӯзгорону кормандон ба тариқи шанбегӣ хиёбонҳои шаҳрро аз партову ифлосиҳо пок намуданд.

Умедворем, ки минбаъд хоҷагии комуналии шаҳр заҳмати омӯзгоронро ба инобат гирифта, дар тозаву пок нигоҳ доштани хиёбону гӯшаҳои шаҳри Бӯстон саҳми хешро мегузорад.