Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети электромеханика

Имрӯз, дар конфронсзали донишкада семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Иҷлосия дар рушди фанҳои дақиқ” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.

Семинарро нахуст декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маориф ва илмҳои муосир дар кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи махсус ба илмҳои дақиқ бештар зоҳир карда шуд. Ҳамчунин, арз намуд, ки Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози давраи навини давлатдории тоҷикон мебошад. 

Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки нақши Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклгирии саҳифаи таърихи навини тоҷикон хеле муассир аст. Интихоби Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷаласа минҳайси Раиси Шӯро имконияти давлатдориро барои тоҷикон  фароҳам овард…

Ҳамчунин, дар семинари мазкур раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода, омӯзгори кафедраи археология, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоҷонова М.Р. дар мавзӯӣ “Пешвои миллат ва Иҷлосияи тақдирсоз”, муовини декани факултети электромеханика оид ба тарбия Саидов Анвар дар мавзӯӣ “Нақши Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон”, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатика Абдураҳмонова Азизахон дар мавзӯӣ “Иҷлосияи фаромӯшнопазири миллат”, ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатика Ёқубов Фахрулло дар мавзӯӣ “Ҳалли муодилаҳо дар асоси қонуни якум ва дуюми Кирхгоф бо усули Крамер” ва дигарон баромад намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба омӯзгори кафедраи археология, этнография ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоҷонова М.Р. “Сипоснома”-и роҳбариятро тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси деканати факултети электромеханика ва кафедраи математикаи олӣ ва информатика баргузор гардид.