Шанбегии умумӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Рӯзи шанбе дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯён ба таври дастаҷамъӣ ширкат варзиданд.
Дар шанбегии имрӯза, ки ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, гирду атрофи донишкада тозаву аз партовҳои нолозим пок карда шуд ва барои сабзонидани гулзор заминҳо омода карда шуд.
Дар шанбегии имрӯза ҳамаи аъзои раёсати донишкада ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ ширкат варзида, саҳми хешро тибқи тақсимоти қисми маъмурию хоҷагидорӣ, ки ба ҳама шуъбаҳо атрофи донишкада ҷудо карда шудааст, гузоштанд. Дар ин тақсимот, ки новобаста аз ҳайати кормандони шуъбаву бахшҳо қитъаҳо муайян карда шуда буд, ҳама бо масъулиятшиносӣ ва тамоми нерӯ саҳми худро дар ободонӣ гузоштанд.


Шуъбаи иттилоот