Дастаи варзишии донишкада ғолиби ҷойи сеюм дар байни дастаҳои варзишии вилотяи Суғд гардид

Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш , тарғиби тарзи ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони беҳтарин , баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Спартакиадаи варзишӣ байни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз.

Спартакиада аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд аз санаи 11.02.2021 с. то 12.02.2021 с. аз рӯйи намудҳои шоҳмот,  тенниси рӯйи миз ва волейбол дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар  байни  муасисаҳои олии вилоят аз рӯйи  намуди волейбол дастаи варзишии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид, ки ин аввалин муваффақияти дастаи варзишии донишкада дар чанд соли охир мебошад.