70-солагии Анвар Отаев дар донишкада таҷлил карда шуд

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 70 солагии олими забардаст, омӯзгори донишкада ва яке аз фаъолони соҳаи геология Анвар Отаев таҷлил карда шуд.
Бахшида ба 70-солагии ин олими шинохта ва шахсияти номвар дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон конфронс баргузор гардид, ки дар он олимону омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи геология бо шумули хешовандону дӯстону ҳамкорони Анвар Отаев ширкат варзиданд.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, соҳибҷашнро табрик намуда, барои саҳми намоён гузоштанаш дар рушди соҳаи геология изҳори сипос намуданд.
Баъдан, омӯзгорони донишкада ва меҳмонону ҳамкорон аз хизматҳои намоён ва корнамоиҳои соҳибҷашн Анвар Отаве ёдовар шуда, аз кашфиётҳо ва ҷустуҷӯйи канданиҳои нодир то омода намудани кадрҳои сатҳи олӣ гуфтанд.
Имрӯз, омӯзгори соҳибтаҷриба ва сермаҳсул Анвар Отаев ба сину соли худ нигоҳ накарда дар кафедраи геология ва корҳои нафту газ фаъолияти омӯзгории хешро идома дода, барои тарбияи мутахассисони варзидаи соҳа саҳм мегузоранд.


Яке аз самтҳои ҷолиби фаъолияти устоди бузург Анвар Отаве дар он аст, ки эшон бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаи хег дар экспедитсияву корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамаи дарсҳои амалии хешро бо шогирдон дар конҳои икшофӣ ва марказҳои геологиву истеҳсолӣ мегузаронанд, ки ин чиз ба донишҷӯ донишҳои бештарро медиҳад. Чунки, берун аз аудитория ва дар маҳали омӯхташуда ё худ саҳро гузаронидани дарсҳои амалӣ аз беҳтарин усулҳо барои аз худ кардани соҳа мебошад.
Мо, низ омӯзгори муваффақ ва рӯзгордидаву пири кор Анвар Отаевро ба ин рӯзи нек табрик намуда, ба эшон тансиҳатӣ ва умри бобаракат хоҳонем!
М. Сайидзода