ХИЁНАТИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИ

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амният, дар тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бўҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Аз ин рӯ дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои сиёсати дохили ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри 2017 қайд карда шудааст:

          «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳони одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судмандии ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошем.

          Бо дар назардошти воқеияти кунуни ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатари афзояндаи терроризму ифротгарои ва дигар таҳдидҳои замони муосир, мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

          Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо тероризму ифротгарои ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст».

Мутасифона то ҳол аъзоёну тарафдорони ташкилоти терористӣ ва экстремистии фаъолияташон қатъ кардашудаи амсоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии бо мақсади амалисозии манфиатҳои сиёсӣ ва бо супориши роҳбаладони хориҷиашон аз чорабиниҳои созмонҳои байналмилалии ѓарбии ба ном ҳомии демократия ва озодии баён истифода намуда, дар заминаи ақидаю ѓаразҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба муқобили Ватану миллат ва  халқи мо баромад менамоянд

Баъди пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ доираҳои мазҳабӣ ва сиёсии баъзе кишварҳои минтақа барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон дар Тоҷикистон фаъолияти васеи мақсаднокро ба роҳ монда, ҳизбу гуруҳҳое (хусусан ТТЭ ҲНИ)-ро созмон доданд, ки амалҳояшон бар зарари манфиатҳои миллати тоҷик равона гардида буданд.

          Маҳз аз тарафи чунин неруҳои хориҷии манфиатдор, аз ҷумла доираҳои сиёсию мазҳабии давлатҳои шарқ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтани ТТЭ ҲНИ дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон барангехт ва давлати навбунёди моро дар зери хатари ҷидди қарор дод. Даргириҳои сиёсии солҳои 90-ум имкон надоданд, ки дар Тоҷикистон сари вақт сохторҳои давлатдорӣ таъсис ёфта, истиқлолияти миллӣ мустаҳкам карда шавад. Дар натиҷаи амалҳои террористии наҳзатиён ҳазорон одамон кушта ва бехонумон гардида, хоҷагии халқи кишварамон қариб ба пуррагӣ нобуд шуд.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ба он наздик бо мақсади ба даст овардани қудрати сиёсӣ, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва ташкили давлати мазҳабии дар байни мардум тафриқа андохта онҳоро ба ковару мусулмон ҷудо карданд. Фаъолони наҳзатӣ бо пуштибонии давлатҳои шарқ барои паҳн кардани идеологияи мазҳабии ифротӣ ва барои мардуми мо бегона кўшиш намуда, беҳтарин фарзандони миллатро, ки олимону сиёсатмадорон ва шахсиятҳои фарҳангии шинохта буданд, ба қатл расониданд. Соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар фалаҷ карда шуданд.

Умуман, дар натиҷаи фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои бадхоҳ, ки аз берун дастгирӣ меёфтанд, ҷанги дохилӣ сар зада, Тоҷикистон солҳои навадум ба ҷойи сохтану таҳким бахшидани давлати миллӣ ба ҳалли мушкилиҳои азиме ба монанди истиқрори сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, пешгирии хатари парокандагии кишвару миллат, таъмини аҳолӣ бо хўрока дучор шуд.

ТТЭ ҲНИ ва дигар рўҳониёни мутаасиб аз бовару эътиқоди мардум суиистифода карда, мехостанд бо зурӣ ҳокимиятро ғасб намоянд ва манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро татбиқ кунанд. Мардуми ноогоҳ ва ҳатто баъзе шахсиятҳои фарҳангию илмӣ ва сиёсатмадорон фирефтаи найранги муллоҳои наҳзатӣ гардида, ба доми онҳо афтиданд ва даст ба амалҳои сиёсию ҷамъиятии нодурусту барои миллат зарарнок заданд. Онҳо мутаасифона сари вақт дарк накарданд, ки ТТЭ ҲНИ дасти неруи хориҷии манфиатхоҳ аст ва на барои сохтан, балки барои сухтан созмон дода шудааст.

Хушбахтона, дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ, ки соли 1992 дар Хуҷанд доир гардид, ақли солим бар неруи аҳриманӣ ғолиб омада, Ҳукумати қонунӣ бо сарварии Роҳбари давлат таъсис дода шуд. Маҳз ҳамин иқдоми нек оғози эҳё шудани раванди сулҳовару созанда гардид. Баъд аз ин бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат ва азму иродаи қавии мардуми тоҷик пеши роҳи хунрезӣ гирифта шуда, сохти конститутсионӣ барқарор гардид. Дар кишвар сулҳ пойдор гардид, гурезаҳо пурра ба ватан баргардонида шуданд, сохторҳои давлат ташкил ва ба фаъолияти дуруст шуруъ намуданд.

Ҳамин тавр, қадам ба қадам, дар як муддати кутоҳ Тоҷикистон аз вартаи нобудию ҷанги хонумонсўз берун омада, ба як кишвари ободу озод табдил ёфт. Имрўзҳо мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ устувор буда, кишвар бо роҳи демократия ва дунявият пеш меравад. Тамоми мардуми кишвар дар атрофии сиёсати созандаи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, барои зиндагии боз ҳам беҳтару саодатмандона талош мекунанд.

Миллати тоҷик таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, минбаъд ба қадри сулҳу озодӣ мерасад ва дигар роҳ нахоҳад дод, ки қувваҳои бадхоҳ ба монанди ТТЭ ҲНИ барои пешрафту гул-гул шукуфии кишварамон монеъа пеш оваранд. Дигар барои ҳама аниқ шудааст, ки ин неруи бадхоҳ ва зиддимиллӣ буда, мехоҳад мардумро ба ғуломию нестӣ барад.

Дар шароити кунунӣ, ки хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла  терроризму экстремизм авҷ гирифтаанд, мардуми мо ва хусусан кормандони сохторҳои қудратӣ бояд ҳушёру огоҳ бошанд ва  марзу бум, сулҳу озодии ватанро ҳифз намоянд. 

Азизов Қ

омӯзгори ДКМТ