ТУТХӮРИИ НАҲЗАТИЁН АЗ ҲАНГОМАИ ВАФОТ

Ба як ҳангомаи беасос табдил додани ҳуқуқшинос Ф.Воҳидова аз технологияи “пиари сиёҳи” наҳзатиён дарак медиҳад. Онҳо дар сомогнаи Паём.нет, ки минбари ифротзадаҳо, лаинҳо ва ватангумкардаҳост бо часпонидани акси ду шахсияти таърихӣ: Ҳошим Гадо ва Файзинисо Воҳидова дар зери сарлавҳаи Ф. Воҳидова: Шӯравӣ нисбат ба дину диндории мо ин қадар зулм намекард» ва «Зан буд бар сони гурде савор» ба таблиғи тиҷоратӣ даст зада, таваҷҷуҳи мардумро аз мусибати мардум дидаву дониста, ба сӯйи ҳангомаву хабарсозӣ бурдааст.

  Дукони дакисабозӣ во шуд. Онҳоро ҳатто дар гӯшаи хотирашон ҳатто фикре намеомад, ки Ватанро тарк кунанд ва мисли афроди беномусу  нанг, дар сиёҳкунии сарзамини бобоӣ ва мақомот бар оташи душман равған резанд.

    Ҳоло наҳзатиҳои «Ансоруллоӣ», ки қаноти хобрафтаи ҳаракатҳои ҷангӣ дар Аврупо мебошанд, аз чеҳраи дунявии Файзинисо Воҳидова башиддат бибиотуну бибихалифа сохтанӣ ҳастанд. Охир мо шумо палидакҳоро бовар кунем, ё ба чашмонамон. Ӯ зане буд озода ва дигарандеш ва аз башараи сиёҳпӯшони доишӣ ва наҳзатӣ безор буд. Озод зист ва озод реҳлат кард. Дар Ватани худ ҷонро ба ҷонофарин супорд. На мисли наҳзатиҳои оташандоз ва террорист, ки дар замини ғарибӣ ҳатто як вачаб хоке намеёбанд, ки худу авлодашонро гӯр кунанд.

Ҳамсари Файзинисо Воҳидова – Ғайрат Воҳидов чунончӣ дар ҷавоб ба Абдусаттор Бобоеви хиёнаткор ва ватанфурўш ӯро «беномус хонда, суистифода аз марги ҳамсарашро хилофи арзишҳои инсонӣ дониста аст». Дарвоқеъ, наҳзатиҳои бедину диёнат аз ин хислатҳо барҳақ ориянд.

Мақоли “Мурдаро монда тутхӯрӣ” ана ҳамин аъмоли зишти пайравони ТТЭ ҲНИ аст.

 

                                                                                                                                 Эҳсони Юсуф, китобдори ДКМТ