МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШКАДА БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ АКИТО ВА СОЗМОНИ JICA-И КИШВАРИ ҶОПОН

Санаи 16-уми октябри соли 2026 ҳайати Донишгоҳи Акитои Ҷопон таҳти роҳбарии профессор Инагаки Фумиаки ва намояндаи JICA аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боздид намуда, бо ҳайати роҳбарикунанда мулоқот намуданд.
Дар ин ҳайат ҳашт нафар донишҷӯёни зинаи бакалавриати донишгоҳи мазкур низ ҳамроҳ буданд, ки бо донишҷӯён ва магистрантон вохӯрӣ намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба имкониятҳои тақвияти робитаҳои касбӣ миёни омӯзгорону муҳаққиқон, табодули таҷриба ва фароҳам овардани шароит барои иштироки донишҷӯён дар барномаҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ гуфтугӯ намуданд.
Ҳамзамон, дар мулоқот имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Меҳмонон аз озмоишгоҳҳои факултаҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика дидан намуда, бо олимону муҳаққиқони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои пешрафтаи олам шартномаи ҳамкорӣ дорад ва дар ин самт ба муваффақиятҳои беназире ноил гардидааст.
Шуъбаи иттилоот