ТТЭ ҲНИ ТӮДАИ РИЁКОР АСТ

Ба андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд шинос шудам, ки аз ҷумла навиштааст: “ Соли 2018-и мелодӣ соли хайру барака, соли пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ  дар Тоҷикистон буд. Дар ин сол бисёр ободкорию созандагиҳо  рӯи кор омаданд, бо ташаббус ва таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди таърихӣ дар арсаи чаҳон амалӣ гашта,  иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба фаъолият шурӯъ кард. Ин рӯзи муборакро тамоми давлатҳо, ташкилотҳои бонуфузи дунё ва инсонҳои бузурги олам барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик муборакбод гуфтанд, аммо хоинони миллат ангушти ҳайрат газиданд.

Дар арафаи соли нави мелодии 2019 дар матбуоти давр бо ниятҳои нек ҳазорон номаҳои муборакбодӣ  нашр гардиданд, ки ин табрикот ба хонанда рӯҳияи баланд бахшида, умеду орзуҳои навро дар дил пайдо мекард. Дар байни ин номаҳо чашмам ба матни муборакбодии соли нави мелодии роҳбари ТЭТ-и  Ҳизби хиёнаткори Наҳзат (имрӯз номи ташкилоти экстремистӣ-террористиашро  иваз кардааст) Муҳиддин Кабирӣ бархӯрд. Ман аз ин дурӯягӣ  дар ҳайрат мондам ва маънои даҳҳо оятҳои Қуръони карим, ки дар ҳаққи шахсоне, ки зоҳирашон хилофи ботинашон, ончӣ дар дилашон нест, бо забон мегӯянду онро рӯи коғаз меоранд ва ошкоро мегӯянду хилофи онро дар дил пинҳон медоранд, пеши назарам омад. Ва ба худ гуфтам: Муҳиддин Кабирӣ то рӯзе, ки дар Эрон назди охундҳо буд, солшумории мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарду  имрӯз хилофи ақидаи худ амал мекунад,  сабаб чӣ бошад? Ӯ бо ин амалаш боз як бори дигар пардаро аз рӯи худ кушод.

Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ, ки дар Фейсбук  ниҳодааст, бӯкаламунро ба ёд меорад. Буқаламун ё худ ҳирбо   навъе аз ҳайвоноти сусмормонанди кишварҳои гарм аст, ки ранги пӯсти худро вобаста ба  муҳит дигар  мекунад. Тавре Носири Хусрав гуфтааст: «Ҳоли ӯ чун ранги буқалмун набошад як ниҳод…».

Оре, ин тудаи риёкор аз букаламун камӣ надорад.

 

                                                                                                          Дилором Ҷураева, директори китобхонаи ДКМТ