Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир инсоният ба мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Яке аз хатарҳои ҷиддие, ки ба амнияту оромии ҷомеа, ҳаёти осоиштаи мардум ва рушди давлатҳо таҳдид менамояд, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин падидаҳои номатлуб боиси нооромӣ, тарсу ҳарос, низоъҳои мусаллаҳона ва қурбониҳои зиёди инсонӣ дар ҷаҳонгардидаанд. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи муҳимми ҳар як давлату миллат ва ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.
Бояд шарҳ диҳем, ки терроризм яке аз шаклҳои хатарноки ҷинояткорӣ буда, бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид ва амалҳои даҳшатангез барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, ғоявӣ ё дигар мақсадҳои ғайриқонунӣ амалӣ карда мешавад. Амалҳои террористӣ метавонанд боиси марги одамони бегуноҳ, хароб гардидани иншооти муҳим ва халалдор гардидани амнияти ҷамъият бигардад.
Экстремизм бошад, ифротгароӣ буда, дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Он метавонад бо паҳн кардани ақидаҳои бадбиниву таҳаммулнопазирӣ, даъват ба зӯроварӣ, барангехтани низоъ ва рад намудани ҳуқуқу озодиҳои дигарон алоқаманд бошад. На ҳар гуна ақидаи ғайриоддӣ ё эътироз экстремизм аст, вале хатар вақте ба миён меояд, ки ифротгароӣ ба даъват ё истифодаи зӯроварӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ оварда бирасонад.
Терроризм ва экстремизм, сарфи назар аз фарқияти худ, метавонад бо ҳам робитаи зич дошта бошанд. Баъзе гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби тарафдорон ва амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз тарсу ҳарос, фиреб ва таблиғоти иғвоангез истифода мебаранд.
Қайд бояд намуд, ки барои пешгирӣ намудани ин падидаҳои хатарнок пеш аз ҳама бояд сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии онҳоро омӯхт. Ба омилҳои асосӣ метавон нобаробарии иҷтимоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маърифат, бесаводии ҳуқуқӣ, низоъҳои сиёсӣ ва таъсири таблиғоти ифротӣ дохил намуд.
Гоҳо гурӯҳҳои ифротӣ аз мушкилоти зиндагии ҷавонон истифода бурда, ба онҳо ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанд ва мекӯшанд, ки онҳоро ба роҳи нодуруст ҳидоят намоянд. Онон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ғояҳои ифротиро паҳн намуда, ҳисси бадбинӣ ва душманиро дар байни одамон бедор месозанд.
Надоштани дониши кофӣ, суст будани тафаккури интиқодӣ ва бовар кардан ба ҳар гуна маълумоти беасос метавонад инсонро ба доми таблиғоти ифротӣ гирифтор созад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як шахс бояд маълумотро аз сарчашмаҳои боэътимод дастрас намояд, мазмуни онро таҳлил кунад ва ба ваъдаҳои шубҳанок зуд бовар накунад.
Бояд гуфт, ки терроризм ва экстремизм ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Оқибатҳои ин падидаҳои номатлуб танҳо бо талафоти ҷонӣ маҳдуд намешавад, балки ба иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва муносибатҳои байни одамон низ зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Аввалан, ин падидаҳо ҳаёт ва саломатии инсонҳоро зери хатар мегузоранд. Одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон, метавонанд қурбонии амалҳои зӯроварона гарданд. Дуюм, терроризм боиси вайрон шудани инфрасохтор, хароб гардидани муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва дигар иншооти ҷамъиятӣ мегардад. Сеюм, он дар байни мардум тарсу ҳарос, нобоварӣ ва ҳисси ноамниро ба вуҷуд меорад.
Илова бар ин, ифротгароӣ метавонад ба ваҳдати миллӣ, дӯстии халқҳо ва ҳамдигарфаҳмии байни намояндагони миллату динҳои гуногун зарар расонад. Ҷомеае, ки дар он бадбинӣ ва таҳаммулнопазирӣ паҳн шудааст, наметавонад ба таври устувор рушд кунад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот ва тарбияи эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳаммияти бузург дорад.
Қайд намудан лозим аст, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи ҳар як давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба қонун яке аз роҳҳои муҳимми пешгирии ифротгароӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон бояд дониш омӯзанд, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва дар баробари пешрафти илму техника аз дастовардҳои замони муосир дуруст истифода баранд. Ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ зарур аст, ки ба маълумоти бардурӯғ, даъватҳои зӯроварона ва гурӯҳҳои шубҳанок эҳтиёткор бошанд.
Ҳамзамон, ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки ояндаи ободи Ватан аз дониш, ахлоқ, меҳнатдӯстӣ ва рафтори шоистаи ӯ вобаста аст. Ҷавонони босавод, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва дорои ҳисси баланди масъулият ба паҳншавии ғояҳои ифротӣ муқовимати бештар нишон дода метавонанд, муборизаи беамон мебаранд.
Таъкид бояд кард, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Барои пешгирии ин хатарҳо ҳамкории давлат, муассисаҳои таълимӣ, оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма зарур мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсил, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҷавонон ва тарғиби арзишҳои инсонӣ аз ҷумлаи чораҳои муҳимми пешгирикунанда мебошад.
Дар кишвари мо низ масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии терроризму экстремизм аҳаммияти махсус дорад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо буда, ҳифзи онҳо аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулият ва саҳми арзанда талаб мекунад.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои пешрафти ҷомеа заминаи устувор фароҳам меоранд. Ҳар як шаҳрванд бояд бо риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва ифротгароӣ мавқеи қатъӣ дошта бошад.
Дар умум, терроризм ва экстремизм падидаҳои хатарнок ва номатлуби ҷомеа буда, ба ҳаёти осоиштаи мардум, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдид мекунад. Пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аз баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи дуруст ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву инсондӯстӣ оғоз меёбад.
Ҳар яки мо бояд барои ҳифзи сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли огоҳу соҳибмаърифат саҳм гузорем. Танҳо дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар метавон ҷомеаи пешрафта ва ояндаи дурахшонро бунёд кард.
О. Зардуштмеҳр
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
