ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДУШМАНИ ХАЛҚ

Терроризм ин ташкилнамудани хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, ё шахсони алоҳида бо истифодаи зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ваҳм ва хатар дар ҷомеа мебошад, ки ба шаклҳои зерин тақсим мекунанд: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ. Вожаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Экстремизм ин асосан ифротгароии динӣ мебошанд, ки ба ҳамаи динҳо мавҷуд аст ва вусъати экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.

Д. В. Олшанский асосҳои фаъолияти террористро ба ҳафт навъ тақсим кардааст:

1.Маромҳои манфиатпарастона. Барои шумораи муайяни одамон ин роҳи пул кор кардан мебошад. 2.Идеологӣ (ғоявӣ). Чунин маром ҳамчун натиҷаи дохил шудани инсон ба ҷомеаи дорои равияи ғояви- сиёсӣ баромад менамояд. 3. Аз нав сохтан ва тағйир додани олам. Ин маром ба асли беадолотонаи бунёди олам вобаста буда, кушишҳои ислоҳи он дар асоси фаҳмиши адолати субъективӣ ба вуҷуд меояд.

  1. Ҳукмронӣ ба одамон. Бо воситаи зӯроварӣ террорист шахсияти худро иқрор, тарсро дар одамон ба вуҷуд оварда, ҳукмронии худро мустаҳкам менамояд.
  2. Шавқу ҳавас ва майл ба террор. Террористонро шавқу ҳавас, майл ба террор ва фаъолияти бо таваккалӣ алоқаманд ба коркарди нақшаҳо ҷалб менамоянд.
  3. Рафиқӣ ва дилбастагӣ ба гурӯҳи террористӣ. Ин маром метавонад бо мақсади қасос гирифтан барои дусти ҳалокшуда, ба хотири шомил будани наздикон ба вуҷуд ояд.
  4. Худифодакунӣ. Ин мақсад пародоксали мебошад. Аз як тараф худифодакуни-қисмати одамоне мебошад, ки рӯҳияи қави доранд. Аз тарафи дигар, ин гуна худифодакунӣ-эътироф кардани маҳдуд будани имкониятҳо, муқарар кардани нотавонии одамон, надоштани дигар тарзи таъсир ба олам ба ҷуз зӯроварӣ мебошад.

Хусусияти шахсияти террорист дар он аст, ки ӯ тамоми оламро ба гурӯҳи худ, ташкилоти худ, барои мақсадҳои фаъолияти худ вобаста медонад, зеро ташкилот талаботи сахтеро назди ӯ гузоштааст, ки он ба озодии интихоб роҳ намедиҳад. Д. В. Олшанский менависад, ки шахсияти террористро норасоиҳои психологӣ, таъсироти манфии ҳаётӣ ташкил менамояд, ки решаи он аз давраи кӯдакӣ сар мешавад.

Террористон одамоне мебошанд, ки  дар рафтор ва ҳаракати онҳо ҳассосият нибат ба ақл афзалият дорад, баъзан ин ҳассосият ҳатто ба дараҷаи аффективӣ мерасад. Дар гуна муносибат рӯҳияи  тӯдаи одамон наздик мешавад. Сатҳи пасти маърифат ва ғалатфаҳмиҳо оид ба олами атроф ба он ки танҳо зӯроварӣ ва таҳдид воситаи баҳтарини таъсирнокӣ барои табдилдодани олам ба шумор меравад, шахсияти террористро ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ намудор месозад.

          Омӯзиши саривақтии ин мушкилот имконияти истифодаи чораҳои пешгирикунӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиро таъмин менамояд. Имрӯз замоне расидааст ,ки Вазорати маориф ва илм дар андешаи тарбияи равоншиноси соҳибкасб ва ботаҷриба бошад . Агар мо хоҳем бо терроризм ва экстремизм мубориза барем, бояд ин масъаларо аввалиндараҷа ҳисоб намоем, зеро терроризм хатарест, ки ҳастии инсониятро зери суол бурдааст . Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон, ки яке қишри ҳосилпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аксаран ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремисти ва террористӣ мегарданд. Ин гурӯҳҳо барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми худ созанд. Аз ин рӯ зарур ва ҳатмист, ки дар ин самт тадбирҳо ба маротиб бояд пурзӯр гардад.

          Аз ин лиҳоз, дар донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон барои донишҷӯён мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ бурда мешаванд, ки донишҷӯён зиракии сиёсии худро нигоҳ доранд ва ба ин гурӯҳои ғайриқонунӣ – душмани халқ шомил нагарданд.    

 

                                        Омӯзгори кафедраи сохтмон ва корҳои маркшедерӣ:

                                                                                                                 Исматов Ш. Р.