ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ ҚАРНИ- ХХ1

    Дар баробари ба дастовардҳои назарраси илму техника ноил гаштани инсоният дар қарни ХХ1 омилҳое вуҷуд доранд, ки инсониятро  ба қафо мекашанд  ва як қатор монегиҳоро эҷод менамоянд. Бахусус ифродгароӣ ва терроризм дар қатори он масълаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар қарни ХХ1 ба изтироб оварда, дар миёнаҳои солҳои панҷоҳум аз ҷониби  гурӯҳҳои  манфиатҷӯву қудратталаб зуҳур карда аз худ оқибатҳои даҳшатангезу фоҷиаомез ба бор овардааст дохил  мегардад.                                                                                                                                                   

    Мушоҳидаҳо  ва таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки вақтҳои охир дар ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчи бештар кӯшиш мекунанд, ки амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронаи худро содир намуда, дар ин аъмоли зишти хеш ҷавонон ва шахсони ноогоҳро ҷалб намоянд. Имрӯзҳо намояндагони гурӯҳҳои тафриқаангез ҷавонони гумроҳро ба намудҳои гуногуни ассотсиатсияҳои худ ҷалб намуда, ба онҳо сараввал шароитҳои  мусоид фароҳам меоранд, мушкилоти  иқтисодиашонро  ҳал менамоянд ва баъдан ба манфиати ҳадафҳои  худ истифода мебаранд. Яке аз сабабҳои гаравидани шаҳрвандон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ин дар сатҳи пасти иҷтимоию  иқтисодӣ  ва  психологӣ қарор доштани онҳо  буда, вобастагии назаррас ба ақидаҳои  бегона  имконияти паҳн кардани идеяҳои радикалӣ дар байни ҷавонони мо мегардад. Онҳо бо ин амалашон на танҳо  мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки барои худашон ва аҳли пайвандон хатари навро эҷод намуда ё зиндонӣ ё қурбони ин амалҳо мегарданд.

     Ба ҳаммаи мо маълум аст, ки дини мубини ислом ҳамагуна зӯровариро нисбати кӯдакон, ҷавонон ва ҷомиаи башар маҳкум менамояд зеро дар натиҷаи ба амал овардани  ҳаракатҳои ифротӣ садҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим  ва ҳазорҳо муассисаҳои таълимию фарҳангӣ хароб гашта, ба буҷаи давлат ҳисороти  гушношунид меорад, ки ин исрофкорӣ бар хилофи дини мубини ислом аст.

    Баъзан сабаби паҳншавии ифродгароӣ дар заминаи динӣ  дар натиҷаи  таҳаввулоти демократӣ эълон карда шудани озодии виҷдон низ ба миён меояд. Вале озодии виҷдон озодии муҳим ва пурарзиши инсон дар давлати ҳуқуқбунёди муосир ба ҳисоб меравад. Аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ шарҳ додани он, ки ҷиҳод намудан  ва шаҳид шудан охирати инсонро таъмин менамояд, имконият фароҳам меоварад, ки дар ҷомеа идеологияҳои ифродгароӣ шумораи худро зиёд намуда, бархе аз ҷавонони  камтаҷрибаи моро ба коми худ кашад. Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбанд. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошад, ба корҳои давлатӣ дахолат намуда наметавонанд лекин давлат аз болои дин ва муассисаҳои он бемамония назорат бурда метавонад. Бинобар ин қиёс гузоштан миёни қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои шариату дини Ислом хилофи Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯзҳо гурӯҳе дар масоили динӣ ифротӣ амал мекунад ва гурӯҳи дигаре дунявиятро ба ҳадди ифрот мерасонад. Гурӯҳе дар ҷашну маросимҳояшон ифрот мекунанду гурӯҳи дигар фишору маҳдудиятҳоро ба ҳадди ифрот мебаранд, ки ин боиси нигаронист.                                                                                                                                       

        Муқаррароти Қонун доир ба роҳ надодани иштироки фарзандони ноболиғ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ, ҳамчунин манъӣ гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ пеш аз ҳама ба хотири пешгирӣ кардани воридоти ҳар гуна афкори бегона ба мафкураи насли наврас  мебошад. Зеро баъзе намояндагони дин  зери парчами Ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани амалҳои  нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, аҳкоми шариатро ба манфиати худ фаҳмонида,  ҷавононро ба роҳи ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ҷавонон, ки ҳанӯз мафкура ва ҷаҳонбинии сиёсиашон ташаккул наёфтааст, гуфтаҳои чунин  рӯҳониёнро қабул медоранд  ва ин боиси аз таълимот ва фарҳанги муосир дур мондани ин зумра ҷавонон мегардад.

      Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукамал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист.Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад ҳамонқадар беназмӣ, беадолатӣ, ва қонуншиканиҳо решадор мегардад. Агар фарҳанги ифротгароӣ дар ҷомеа ниҳода шавад, ҷомеа худ ба худ ва ба таври табиӣ ба самти хушунат савқ дода мешавад. Зеро дар ҷомеае, ки фарҳанги ифротгароӣ ҳоким шавад, муколама ва гуфтугӯ дар он аз байн меравад. Ҳар гурӯҳ худро ҳаққи мутлақ, мепиндорад ва дигаронро ботили маҳз. Фарҳанги ифротгароӣ дар гурӯҳҳо таассубро эҷод мекунад. Бинобарин маъмулан гурӯҳе, ки қудратро дар даст дорад худро ҳаққи мутлақ мепиндорад ва ҳар мухолифатеро бо хостаҳои худаш нораво ва нобаҷо медонад ба манфиати худ анҷом медиҳад.                                                      

 

       Имрӯзҳо чунин тамоюле ба назар мерасад, ки натанҳо баъзе ҷавонон аз кишвари мо, балки шаҳрвандон аз давлатҳои тараққикардаи  дунё ҳам ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд. Ин ҷомиаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузро водор месозад, ки  дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм  усулҳои муосиро таҳия намояд то решаҳои ин вабои аср аз бех канда шаванд.

       Яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирӣ  намудани он мебошад. Роҳандозӣ намудани як қатор нақша чорабиниҳо аз ҷумла вохурӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо кормандони дин ва адибону олимон  дар байни ҷавонон  хело ба маврид  буда, баҳри васешавии ҷаҳонбинии динниву сиёсии ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.

      Дар роҳи дастгирӣ ва  ҳамовозӣ ба давлати  хеш имрӯз тарбияи фарҳангии  ҷавонон  аҳамияти муҳим дорад, зеро ҷавонон созандагони  ояандаи  ҷомеа  буда, аз ҷаҳонбинию ҷаҳонсозии  онҳо  инкишофи  баъдӣ  вобастагӣ  дорад.  Вазифаи  падарону  модарон, устодон, олимону  адибон  ва  ҷамъи солхӯрдагоне, ки пастию  бландии  зиндагиро хуб медонанд бояд дар таълиму тарбияи  насли наврас нишонрас  бошад. Зиёиёни  эҷодкори  моро лозим меояд, ки насли  ҷавонро  дар  рӯҳияи  ростию  покӣ,  адолату  ватанпарастӣ  ва  худогоҳии  миллӣ  ба  истифода  аз  мероси  маънавии   миллаташон тарбият намоянд. Зеро аз надонистани ин қарзи фарзандӣ иштибоҳ гумроҳиҳои  бахшанданопазир рух медиҳанд, ки  ба  қимату арзиши насли феълию оянда таъсири манфӣ хоҳад расонд.  Аз ин рӯ, масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомотҳои қудратӣ буда, таъмини амнияти  давлат дар замина он кафолат дода мешавд.           Имрӯз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ин равияи манфур муборизаро пурзур намоем. Метавон бо итминони комил иброз дошт,ки бо равона кардани тафаккури ҷавонон ба сӯи донишу касбомузӣ ободгариву созандагӣ мо ба саодати комил мерасем, ҷумҳуриамонро аз хафу хатарҳои глобалӣ экстримистӣ наҷот медиҳем ва ояндаи Тоҷикистонро ба дасти нафарони худогоҳу хештаншинос  месупорем.               

 

                                   Холова Ф.Ф   

  ассистенти кафедраи

фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ