Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Субҳи имрӯз, 23 ноябр дар шаҳри Бӯстон ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба роҳпаймоии идона баромаданд. Дар ин рӯз ба донишҷӯён ва омӯзгорон боз пирони хирад, ҷавонони саодатманд, бонувони пешсаф, кормандон, сарбозону афсарон ва сокинони шаҳр ба роҳпаймоӣ бо партавфишонии парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуда, Рӯзи ин рамзи давлатиро бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу осудаи меҳан истиқбол гирифтанд.

Баъданд дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон чорабинии бошукуҳ доир гардид. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Нахуст омири кулли палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мухаммедҷонов Муҳаммадҷон номаи табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи сокинони шаҳри Бӯстон расонид. Гуфта шуд, ки Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад.
Сипас, муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Қаюмҷон Маҳмудзода номаи табрикии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзодаро манзури сокинон гардонид. 
Дар интиҳо барномаи саршор аз ғояҳои ватандӯстонаи аҳли фарҳанги шаҳр ва намоиши ҳарбикунонидашуда бо партавфишонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуд.