ШИНОСОИИ ТАҶРИБАОМӮЗОН ДАР ОЗМОИШГОҲҲО ВА ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШКАДА

Тибқи нақша-чорабиниҳо оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ – шиносоӣ барои ихтисоси 510201 – корҳои маркшейдерӣ ва 700201-06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо барои шиносоӣ ба озмоишгоҳҳои донишкада дидан намуданд.

         Таҷрибаомӯзон аввал ба озмоишгоҳи асбобҳои муосири геодезӣ – маркшейдерии кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ ташриф оварда, бо таҷҳизотҳои оптикӣ, электронӣ ва радифии муосир аз наздик шинос намуда аз тарафи устодони кафедра Тоҳиров А.С. ва Шарипов Х.Ҳ.  моҳият ва принсипи кории таҷҳизотҳо ва соҳаи истифодабарии онҳо фаҳмонида шуд.  Таҷрибаомӯзон оид ба истифодабарӣ, ба кор омодасозӣ ва фарқияти таҷҳизотҳо аз ҳамдигар маълумот гирифта, саволҳо аз тарафи таҷрибаомӯзон  ба устодон пешниҳод гардид ва донишҷӯён аз таҷҳизотҳои замонавии геодезӣ-маркшейдерӣ истифода намудаанд.

Ҳамзамон, дар Парки технологии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуданд, оид ба фаъолияти парки технологӣ корманди он, маълумоти муфассал дод. Таҷрибаомӯзон дар наздик бо сангҳои истеҳсоли ватанӣ, ки аз шаҳрҳои Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Ашт оварда шуда, коркард карда шуда, шаклҳои гуногуни сафолакҳо истеҳсол карда мешавад,  шинос гардидад. Мавсуф қайд намуд, ки травертини истеҳсолнамудаи донишкада аз ҳама озмоишҳо гузаронида шудааст ва ба иқлими минтақа мутобиқ гардонида шудааст, ки ба сардиву гармо ва сармои мавсимӣ тобовар мебошаду ба ин кафолат дода мешавад.

Дар шиносномаи маҳсулоти истеҳсолгардида навишта шудааст, ки 30 сол кафолат дода мешавад, ки ин боз ҳам афзалияти бештар дорад аз маҳсулоти хориҷӣ ва ҳар як фарди оқилу соҳибватанро зарур аст, то барои дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ ва иқтисоди миллӣ аз маҳсулоти ватанӣ истифода намояд. Травертини истеҳсолкардаи олимону аспирантони донишкада буда, комилан аз сангҳои табиӣ омода карда шудааст ба иқлими гарму сард ва сардии беш аз ҳад ва гармии зиёда аз 50 дараҷа мутобиқ гардонида шудааст, ки ин нишондиҳанда сифати баланди маҳсулоти травертини навъи ҷадидро кафолат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ин навъи травентин аввалин маротиба бо истифода аз имкониятҳои ватанӣ истеҳсол шуда ва минбаъд, сокинони кишвар метавонанд, аз ин навъ маҳсулот барои ороиши бино ва ҳамчунин намуди зоҳирии муассисаву корхонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ҳо бо шакли дилхоҳ ва намудҳои мухталиф васеъ истифода намоянд.

Инчунин дар озмоишгоҳи нафту газ, аз тарафи мудири кафедра н.и.б. Олимов А.А. ба таҷрибаомӯзон доир ба фаъолияти озмоишгоҳ, тарзҳои истеҳсоли нафт ва газ, омода намудани дигар намуди маҳсулотҳо аз нафт, ҳамчунин аз ашёи хоми нафт истеҳсол намудани якчанд намуди маҳсулот маълумот пайдо намуданд.

Дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок  бошад, ба таҷрибаомӯзон роҳбари таҷрибаомузӣ Боев М.Б. ба онҳо  доир ба таҷҳизотҳои ҳаводиҳанда, пармакунунанда, боркунанда, интиқолдиҳанда ва макетҳои низоми ихтихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок, ки дар аудиторияҳои бинои таълимии кафедра мебошанд маълумоти муфассал дода, аз наздик таҷрибаомӯзон шиносӣ пайдо намудан.

Ҳамзамон таҷрибаомӯзон, ба ҳамаи саволҳои худ доир ба шиносоӣ ва тарзу усулӣ кор бо таҷҳизотҳо дар озмоишгоҳҳои донишкада аз шахсони масъул, саволҳо дода ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд ва ба худ хотироти нек бардоштанд.