Суханронии ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мулоқоти аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ бо сокинони шаҳри Бӯстон

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ бо сокинон, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ вобаста ба тақвият бахшидани корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили созовори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мулоқоти мазкур суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри пешбурди сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, пайваста талош мекунем ва ҳамасола чандин чорабиниву мулоқотҳо бо донишҷӯён ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти қонунҳо ва қоидаҳои муҳим барои ҷомеа мегузаронем.

Ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии донишҷӯён конфронсу семинарҳо бо ширкати намояндагони мақомотҳои дахлдор баргузор менамоем, то донишҷӯён тавонанд, ки дар зиндагӣ роҳи хешро пайдо намоянд.

Имрӯз, моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ ва асри ҷаҳонишавӣ бо донишҷӯён ҷанбаҳои манфиву мусбии ин падидаро бифаҳмонем ва аз онҳо тақозо намоем, то дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи ахлоқи миллӣ ва эҳтироми забони модарӣ пешгом бошанд.

Феълан, ҳаракату созмонҳои экстремистӣ-террористӣ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ талош менамоянд, то мафкураи ҷавононро тағйир диҳанд ва ононро дар рӯҳияи ифротӣ тарбия намоянд, ки ин бисёр ҳам хатари бузург мебошад ва бояд, ки ин масъала хеле ҷиддӣ баррасӣ шавад. Имрӯзҳо, хоинони миллати тоҷик ин ҳама муваффақиятҳо ва пешрафти кишвари моро дидан намехоҳанд ва ҳамин аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чапгароиро тарғиб менамоянд, ки ин аз як ҷониб хиёнат ва аз ҷониби дигар душманӣ бар ҳақиқат мебошад. Ҷавонон бояд, ки ба ин гуна дасисаву иғвоҳои хоинони миллат дода нашаванду аз пайи илмомӯзӣ бошанд, зеро калиди ҳама асрор илм ва хирад мебошад.

Дар суханоронии худ, ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин аз риоия қонуни танзим ва қонунҳои муҳими барои ҷомеа манфитаовар сухан ронда, зарурати риояи чунин қонунҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуданд.