Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курси 2 – уми ихтисоси 510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок дар кони тиллои Қизилчеку воқеъ дар шаҳраки Консой

Санаи 25.05.2021 тибқи нақша донишҷӯёни курси 2 – уми ихтисоси 510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бо роҳбарии омӯзгорон Махкамов Ф.Ғ., Восиҳов Ш.Т ва Обидов Б.А дар кони тиллои Қизилчеку таҷрибаомӯзии таълимӣ – истеҳсолиро гузарониданд. Дар таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо сохторҳои геологӣ, тарзҳои хобишӣ ҷинсҳои кӯҳӣ ва ҷисмҳои маъданӣ, минералҳои тиллодор ва морфологияи ҷойгиршавии онҳо ва дигар хусусиятҳои кони болозикр аз наздик шинос гардиданд. Бо истифода аз қутбнамои кӯҳӣ тарзҳои чен намудаи унсурҳои хобиши қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ аз тарафи омӯзгорони пуртаҷриба амалан нишон дода шуд. Ҳар як донишҷӯ – таҷрибаомӯз мустақилона тавассути қутбнамои кӯҳӣ элементҳои хобиши қабатҳои ҷинсҳои кӯҳиро муайян намуда, дар дафтарҳои худ онро бо тариқи нақшавӣ қайд намуданд. Бояд зикр намуд, ки гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо дар саҳро ба донишҷӯёни самти геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок барои мутахассиси соҳавӣ гардидан саҳми бузург дорад. Корҳои саҳроии геологӣ барои мутахассисони самти геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок марҳилаи асосӣ буда, аз рӯи натиҷаи он зуҳуротҳо ва конҳои канданиҳои фоиданок кашф карда мешаванд. Донишҷӯён аз ин рӯзи таҷрибаомӯзӣ таассуроти хуб ҳосил намуда, шавқу ҳавасашон ба пеша интихобнамудаашон боз ҳам зиёдтар гардид. Чунин таҷрибаомӯзиҳоро барои ихтисоси зикргардида, омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраи геология ва корҳои нафту газ аз дарсҳои амалии фанҳои тахассуси оғоз меномоянд. Таҷрибаомӯзии таълимӣ – истеҳсолӣ дар дигар минтақаҳои аз ҷиҳати геологӣ гуногун ва конҳои кашфшудаи музофоти маъдании Қаромазор то санаи 29.05.2021 идома меёбад.