Вохӯрии ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ширкаткунандагони олимпиадаҳои фаннӣ ва омӯзгорон

Дирӯз, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ  бо иштироккунандагони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мулоқот намуданд. Дар мулоқоти мазкур ректори донишкадаро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо ҳамроҳӣ намуданд.

Ректори донишкада нахуст аз ҳар як донишҷӯ ҳорлати омодагӣ ва имконияти роҳбаронашонро пурсида, аз ҳамаи ширкаткунандгон дархост намуданд, то фаъолияти хуб нишон диҳанд ва ҳар камбудиву норасоие, ки ҳаст барои таъмин карданаш ба роҳбарият муроҷиат намоянд. Роҳбари донишкада иброз доштанд, ки аз худ намудани илмҳои мухталиф дар донишкада барои донишҷӯён имконият фароҳам меоварад, ки бо донистани зиёд онон метавонанд, зиндагии беҳтару хубтареро барои худ бисозанд.

Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён барору муваффақиятҳо таманно намуда, илова намуданд, ки  ғолибонро туҳфаҳои раёсати донишкада интизор аст ва ҳар касе сазовори ҷойи аввал мегардад, боз аз кӯмакҳои иловагӣ бархӯрдор мешавад.

Дар интиҳои суҳбат донишҷӯён ваъда доданд, ки ҳатман бо ҷойҳои намоён ба донишкада бармегарданд.

 

Шуъбаи иттилоот