Ташхисгоҳи нави геммологии ДКМТ дар хидмати мардум

Тақозои замон аст, ки имрӯз бояд алоқаи илм бо истеҳсолот наздик ба роҳ монда шавад ва соҳаҳои гуногуни соҳаи саноат барои беҳбудии сифати зиндагии мардум хидмат расонанд. Тибқи ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли истиқлоли кишвар илми тоҷик рушд намуда, мутахассисони ватаниро дар соҳаҳои гуногун тарбия намуд. Дар ин замина дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат мутахассисон баҳри ҳарчӣ бештар ҳадафрас гардидани  соҳаҳои мавҷуда, талош меварзанд ва як қатор навгониву пешравиҳо низ дар ин бахш дида мешавад.

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҳам олимон ва мутахассисон ҷавон фаъолияти пурсамар намуда, аллакай ба чандин дастовардҳои намоён ноил гардидаанд. Барои боз ҳам мақсаднок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда ва тайёр намудани мутахассисони варзида дар донишкада чандин озмоишгоҳҳо ба истифода дода шудааст, ки донишҷӯён таҷрибаи аввалинро маҳз дар ҳамин ҷо мегиранд. Ҳоло донишкада доираи фаъолияти худро васеъ намуда, ҳамкорияшро бо аҳолӣ тақвият бахшидаистодааст. Дар ин замина ташхисгоҳи геммологии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки  пурра ба истифода дода шудааст, метавонад далели возеҳи ин гуфтаҳо бошад.. Ёдовар мешавем, ки ташхисгоҳи геммологӣ дар заминаи ташхисгоҳи қаблӣ бозсозӣ шуда, бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Аз ин ба баъд сокинон ва корхонаҳои ҳавасманд метавонанд, сангҳо ва ҷавоҳироти аз сангҳои қимматбаҳо сохташуда ва ё сангҳои қимматбаҳое, ки барои сохтани ҷавоҳироти мухталиф истифода мешаванд дар ташхисгоҳи геммологии ДКМТ аз ташхис гузаронанд ва сифату воқеияти ин сангҳоро маълум созанд. Тамоми навъҳои сангҳои қимматбаҳо ва нодирро мутахассисони варзидаи соҳа ташхис намуда, ба соҳибмулк маълумотнома медиҳанд.  Маълумотномаи ташхисро шумо метавонед бо аслият ва дақиқияти касбӣ дастрас намоед, зеро таҷҳизоти муосир ва замонавии ташхисгоҳи геммологӣ дар хидмати шумост. Сифати хидматрасонӣ ва боварӣ шиори кории мутхассисони ташхисгоҳи геммологӣ мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон воқеъ  дар шаҳри Бӯстон муроҷиат намуда, аз хидматрасонии ташхисгоҳ баҳравар гарданд.