Конфронс дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ”

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон санаи 2.11.2019  конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди илм дар мактаби олӣ” баргузор мегардад. Дар барномаи конфронс омадааст, ки дар он зиёда аз 54 масъалаҳои марбут ба илм ва рушди он дар макотиби олӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Зимнан бояд таъкид намуд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи илм дар кишвар корҳои назаррасе анҷом дода шудааст ва соҳаи илм дар даврони истиқлолияти мамлакат ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид. Конфронси мазкур ҳам баҳри омӯзиш ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар ин соҳа бахшида шудааст.

Хоҳишмандон ва олимони ҷумҳуриро ба ин конфронс, ки дар Донишкадаи кӯҳи-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор мегардад, даъват менамоем.