Семинари омӯзишӣ барои омӯзгорон

Санаи 5-уми ноябр дар толори Шӯрои олимони донишкада аз ҷониби кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Луғати вожаҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ” дар маҳдудаи 400 калима, гузаронида шуд.
Семинари мазкур ҷиҳати ба омӯзгорон фаҳмонидан, тарзи азхуднамудани вожаҳои тавсиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, дар бораи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вожаномаи мазкур чанд нуктаро таъкид намуданд. Сипас, омӯзгорону масъулони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ба ҳозирин нуктаҳои муҳим ва роҳҳои омӯзиши онро ташреҳ доданд.

Хабари мазкур бинобар заъфи техникии сомона дертар гузошта шуд.

Шуъбаи иттилоот