Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи шанбе дар толори Шӯрои олимони донишкада бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ намуда, роҷеъ ба муҳимияти таҷлили рӯзҳои ҷашнӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ сухан ронда, таҷлили 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бисёр ҳам зарурӣ ва муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ  Абдуллоев Икром роҷеъ ба аҳамияти Конститутсия барои ҷамъият ва саҳми он дар шаклгирии ҷомеаи қонунсолор ва ҳамзамон роҷеъ ба нақши Иҷлосияи тақдирисози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маърӯза намуда, саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар шаклгирии давлатдории навини тоҷикон ташреҳ дод.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур омӯзгорони кафедраи мазкур Холова Фахринисо ва Ибрагимова Оирамо маърӯза хонда, ба суолҳои ҳозирин посух доданд. 

Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ гузаронида шуд ва бисёр ҳам дар шакли олӣ баргузор гардид.

Шуъбаи иттилоот