Семинари омӯзгорони донишкада дар шаҳри Исфара.

Дар асоси мактуби дархостии Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, номзади илмҳои техникӣ, Раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Осими Оқил дар мавзӯи “Тартиби навиштани рисолаи магистрӣ” дар ФДТТ дар шаҳри Исфара дар семинари омӯзиши маърӯза намуд.
Дар семинари омӯзиши муовинони директор, сардорони шӯъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва магистрантон иштирок намуда, оид ба масъалаи мазкур маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҳамзамон оид ба мустаҳкам намудани робитаи ҳамкории мутақобилан судманд таъкид карда шуд. Семинари мазкур бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони ДКМТ ва ФДТТ дар шаҳри Исфара баргузор карда шуд.
Дар ин сафари корӣ ҷиҳати додани дастур оид ба мукаммалнамоии нақшаву барномаҳои таълимӣ мутахассиси шуъбаи таълими ДКМТ Боев М.Б. низ ба сохторҳои дахлдор маслиҳатҳо дод.