Мулоқот ва машварати мутахассисон бо донишҷӯён

Дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо кормандони  маъмурияти ҶММ ТА КМ “Анзоб” Ҳакимов А. ва Шарипов Н. ҷиҳати сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мулоқот баргузор гардид.

Оид ба имконоти мавҷуда ва тартиби баргузории таҷрибаомӯзии пеш аз рисолаи хатм мусоҳибаи ошкоро сурат гирифт. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  бо мақсади иҷроиши ҳадафи чоруми стратегӣ- рушди босуръати саноатикунонии мамлакат иқдомҳои наҷиб рӯи кор меоварад.

Мо, барои омодасозии муҳандисони соҳавӣ ҳамеша омодаем.