Маҳфили “Ал – ҷабр” ва озмуни “Заковатсанҷ” вобаста ба “ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” дар кафедра гузаронида шуд.

Санаи 26.02.2021с. тибқи нақшаи чорабиниҳои “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили донишҷӯён таҳти унвони “Ал-ҷабр” ва озмуни донишҷӯён “Заковатсанҷ” гузаронида шуд. Дар маҳфил донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуда, оид ба масъалаҳои шавқовар вобаста ба фанҳои дақиқ ва риёзи маърӯза намуданд.