Семинари илмӣ – амалӣ доир ба “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” гузаронида шуд

Cанаи 25.02.2021 тибқи барномаи “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари илмӣ – амалӣ гузаронида шуд, ки дар он декани факултет, мудирони кафедра ва дигар устодон иштирок намуданд.

Дар семинар имрӯза  омӯзгорони кафедра Ҳаитова Ф. Ш., Абдураҳмонова А. И.  ва Облоқулов В. М.  маърӯзаҳо намуданд. Мавзӯҳои интихоб намудаи устодон оид ба рушди фанҳои дақиқ ва риёзӣ буд.