Донишҷӯён ба китобхонӣ рағбати бештар пайдо кардаанд

Дар китобхонаи илмӣ-электронии  донишкада ҳамарӯза донишҷӯён аз рӯйи ҷадвали тасдиқгардида барои истифода аз китобҳои донишкада ба гурӯҳҳои академӣ омада он ҷо машғули мутолиа мегарданд, мегӯяд директори китобхона Танжихолова Ш.

Аввалин гурӯҳи донишҷӯён зери роҳбарии дотсент Эгамов Мухтор аз имкониятҳои китобхона баҳраманд гардида, дар он ҷо роҷеъ ба мавзӯъҳои соҳавӣ баҳсу мунозараҳои илмӣ гузарониданд, ки айнан ин ҳолат ба як маҳфили илмӣ шабоҳат дошт.

Тибқи иттилои ба даст расида, имрӯз ҳамаи донишҷӯёну омӯзгорон бо навбат аз рӯйи ҷадвале, ки мудирияти китобхона ба онҳо вақт ҷудо намудааст, аз китобхона дидан менамоянд.

М. Сайидзода