ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Дар он ба «мамлакати сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид

ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксола ва нишон додани дастоварду муваффақият ва нишондоду дастгириҳо шаҳодатномаи роҳи фардо барои ҳар шаҳрванд маҳсуб мешавад. Шунидани иқдоми наҷиб ва пеш аз ҳама, ба ҳадди 40 фисад зиёд намудани маошу нафақа ва идрорпулиҳо  сокинони мамлакатро руҳбаланд намуда,    муҳаббаташонро нисбат ба Сарвари ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо маротиба афзун гардонид.

Новобаста аз ҳолатҳои гуногуни иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир дар соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ муваффақиятҳо ба чашм мерасанд, ки ҳамаи ин натиҷаи заҳмату талошҳои блоки иқтисодии ҷумҳурӣ ва саноатчиёни ҷумҳурӣ мебошад. Бо ба ҳисоб гирифтани нишондиҳандаҳои рушд метавон гуфт, ки низоми иқтисодии ҷумҳурӣ бо формулаи наву миллӣ мудирият мешавад, ки ин ба манфиати кор ва рушди ҷомеа мебошад.

Дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда шуд, ки «сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».

Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд менамояд ва дар олами иқтисод дорои муваффақиятҳои назаррас мебошад. Иқтисоди миллӣ ҳамон замон рушд менамояд, ки аз рӯи формулаи миллӣ ва мувофиқ ба иқтидори мавҷуда амал намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кориашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои рушди ин соҳа хеле корҳоро анҷом доданд.  Ин нишондиҳандаи баланди меҳандорию ватандӯстӣ ва нишонаи волои мустақилият аст. Танҳо миллати соҳибистиқлол ва хештаншинос метавонад роҳи рушди хешро муайян намояду дар фикри ояндааш бошад.

Насли босавод ва бомаърифат ҳамеша барои рушди ояндааш талош менамояд ва ин гуна насл метавонад мамлакатро низ аз хатарҳои эҳтимолӣ наҷот бидиҳад. Насли нохондаву аз донишу маърифат дур барои ҷомеа дарди сар ва хатарнок мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз, ҳамеша дастгирӣ намудани соҳаи маориф ҳам ба хотири зиндагии шоиста ва ҳам фардои дурахшону обод мебошад. Тарбия намудани насли донишманд ва ҳушёр ҳадафи бузург ва мақсаднок мебошад.

Ҳамзамон омӯзгорон бояд таҳти ғамхории доимии сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа қарор гиранд, зеро омӯзгори босавод ҳамеша шогирди босаводу боақл ва зираку ҳушёр тарбия менамояд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 ба сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳ фармуда, аз ҷумла перомуни навгониву тағйирот дар соҳаи маориф чунин ибрози ақида намуданд:

«…бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар намудани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».

Албатта, вобаста ба замон ва тағйирот дар ҷаҳони муосир низоми таҳсил ва усулҳои таълим тағйир меёбанд ва ин масъала бояд дар сатҳи аввал баррасӣ шуда, дар амал татбиқ гардад, чунки насли ҷавон бояд ҳамқадами замон бошад.

Яке аз масъалаҳои асосӣ- ин рушди иқтисодиёти «сабз» ва тавлиди энергияи «сабз» мебошад. Барои ба «мамлакати сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шудаву имконияти ҷумҳурӣ низ ба ин мерасад. Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо бунёди якчанд неругоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти асосӣ- бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ як силсила иқдомро пеш гирифтааст, ки бо амалӣ шудани ин иқдом ояндаи наздик ҷумҳурӣ пурра ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин ибрози назар намуданд:

«Бо амалисозии тадбирҳои гуфташуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад».

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо Тоҷикистон ба мамлакати рӯ ба рушд ва тараққиёбанда табдил ёфта, имконияту захираҳои он аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд ва ҳамаи ин ба некӯаҳволии ҷомеа нигаронида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба пайомадҳои ҷаҳони муосир, хушксоливу гармшавии иқлим иброз намуданд, ки «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии ҷумҳуриро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем.

Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».

Оре, ҳамин аст рисолати ватандорӣ ва ифтихор аз зиндагии шоиставу арзанда ва соҳибватанӣ! Ҳамин аст рисолати ҳар соҳибватан, ҳамин аст мероси мо барои насли фардоямон ва дар ин ҷода ҳар инсон бояд аз рӯйи виҷдони пок ва дилу нияти нек амал намояду ин ҳарфҳои падаронаи Пешвои миллатро дуруст дарк созад.

Агар ҳар шаҳрванд ин ҳарфҳоро дуруст таҳлил намояд ва дуруст дарк созад, мамлакати азизамон- Тоҷикистон ба як  муъҷиза дар минтақа табдил меёбад. Ҳама чиз аз худи инсон вобаста аст ва ҳамаи мо бояд барои ин ободиву сарсабзии мамлакатамон талош намоем.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, дар ин замина омода намудани кадрҳои варзидаи соҳа, пурра омӯхтани иқтидори саноатии мамлакат ва истифода аз захираҳои табиӣ матраҳ гардид. Саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ягона омили рушди суръатноки иқтисоди ҷумҳурӣ дар муддати кӯтоҳ бошад. Имконияти Тоҷикистон хеле фаровон аст ва бояд он ҳаматарафа омӯхта шаваду барои рушду некӯаҳволии мардум истифода гардад. Роҷеъ ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъулин чунин дастур доданд: «Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд».

Воқеан ҳам саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриамонро аз бисёр ҷиҳат ба давлати воридкунандаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Аз ҷониби дигар, ба ин восита ҷойҳои нави кор пайдо шуда, шароити зиндагӣ боз ҳам беҳтар мегардад, ки ин бар нафъи аҳолӣ мебошад.

Дар маҷмуъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон роҳнамои стратегӣ арзёбӣ намуд ва онро ҳамчун роҳнамои рушди босуръати ҷумҳурӣ, зиндагии осоиштаву босаодат истифода бурда, дастури меҳандориву ватансозӣ донист.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон