Баргузории ҳамоиши илмӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар донишкада

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар партави таҷлили бошукуҳи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, судяи суди шаҳри Бӯстон Ҷаҳонгир Раҳмониён, муовини сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷаҳонмуҳаммад Давлатзода, ёрдамчии прокурори шаҳр Мадина Қосимова, корманди шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтибек Бахтибеков ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ширкат намуданд.
Дар кори ҳамоиш роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин, намояндагони занону ҷавонон, сарбозону афсарон, аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, Мамнур Нурзода муовини раиси шаҳр оид ба муҳтавои эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо такя ба паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд. Гуфта шуд, ки тавре дар паём Пешвои муззами миллат иброз доштанд: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Зимни суханронии хеш намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бӯстон оид ба муқаррарроти Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар ибрози назар намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати риояи ҳатмии онҳо даъват ба амал оварданд.
Зикр гардид, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.
Воқеан ҳам “Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.
Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем.
Ҳамзамон дар ҳамоиш аз иштирокдорон ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзарнд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар омилҳо даъват ба амал оварда шуд.
Пас аз ироаи маърӯзаҳо байни иштирокдорон ва маърӯзачиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ҷалби олимону донишмандон, мутахассисону коршиносон ва кормандону собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият ба нақша гирифта шуда, ин тадбир то охири сол анҷом хоҳад пазируфт.