Шӯрои олимон баргузор гардид

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар Шӯрои олимон нахуст муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин ба ду нафар омӯзгорони донишкада Раҳимова Шаҳнозабону ва Мирсаидова Фирӯза дипломҳои номзадиро тақдим намуданд. Сипас, баррасии корҳои илмии факултети корҳои кӯҳӣ шурӯъ гардид.

Дар натиҷагирии корҳои илмии факултети корҳои кӯҳӣ сардор раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Шербоев Муродҷон гузориш доданд.

Ҳамчунин, дар Шӯро ба масъалаи сифати таълим, ташкили гурӯҳҳои олимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида ба як қатор мудирони кафедарҳо масъалагузорӣ сурат гирифт.

Дар интиҳои Шӯро қарорҳо қабул гардида, пешниҳоди сардори Иттифоқи касаба Давлатов Давлатмаҳмад ҷиҳати дастгирӣ намудани мактабинтернатӣ-санатории шаҳри Конибодом пазируфта шуд.

 

Шуъбаи иттилоот